Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки медали олимпӣ мегиранд, дар Душанбе хона медиҳад.

Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ваъда кардааст, ки агар ширкаткунандагони Бозиҳои олмипии Токио аз Тоҷикистон медал ба даст биоваранд, ба онҳо дар Душанбе хона тақдим мекунад. Бозиҳои олимпии Токио имрӯз дар Ҷопон расман ифтитоҳ мешаванд. Раҳбарии Кумитаи олмипии Тоҷикистон дар замони гусели тими олимпии Тоҷикистон аз номи Рустами Эмомалӣ гуфтаанд, ки агар касе медали олимпӣ ба […]

Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ваъда кардааст, ки агар ширкаткунандагони Бозиҳои олмипии Токио аз Тоҷикистон медал ба даст биоваранд, ба онҳо дар Душанбе хона тақдим мекунад. Бозиҳои олимпии Токио имрӯз дар Ҷопон расман ифтитоҳ мешаванд.

Раҳбарии Кумитаи олмипии Тоҷикистон дар замони гусели тими олимпии Тоҷикистон аз номи Рустами Эмомалӣ гуфтаанд, ки агар касе медали олимпӣ ба даст биорад, ба ӯ хона тақдим карда мешавад. Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" хабар медиҳад.

Аз ҷумла,  гуфта мешавад, ки шаҳрдори Душанбе барои барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ ваъда кардааст. 

Ба ҷуз ин, бар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро мегиранд, мутаносибан 300 000,  250 000 ва 200 000 сомонӣ дода мешавад.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ – намояндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.