Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки медали олимпӣ мегиранд, дар Душанбе хона медиҳад.

Asia-Plus

Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ваъда кардааст, ки агар ширкаткунандагони Бозиҳои олмипии Токио аз Тоҷикистон медал ба даст биоваранд, ба онҳо дар Душанбе хона тақдим мекунад. Бозиҳои олимпии Токио имрӯз дар Ҷопон расман ифтитоҳ мешаванд.

Раҳбарии Кумитаи олмипии Тоҷикистон дар замони гусели тими олимпии Тоҷикистон аз номи Рустами Эмомалӣ гуфтаанд, ки агар касе медали олимпӣ ба даст биорад, ба ӯ хона тақдим карда мешавад. Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" хабар медиҳад.

Аз ҷумла,  гуфта мешавад, ки шаҳрдори Душанбе барои барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ ваъда кардааст. 

Ба ҷуз ин, бар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро мегиранд, мутаносибан 300 000,  250 000 ва 200 000 сомонӣ дода мешавад.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ – намояндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...