КДАМ Тоҷикистон расонаҳои қирғизро ба таҳрифи далелҳо муттаҳам кард

Asia-Plus

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот пахш намуда, ВАО-и Қирғизистонро дар таҳрифи далелҳо гунаҳкор медонад.

Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ хабар медиҳад, соати 9:30 24 июл беш аз 20 нафар сокинони деҳаи Коктоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон ба мавзеи наздисарҳадии Қуммазор маҳаллаи И.Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара омада, бо шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаи лафзӣ намуданд. Сипас шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони ҶТ сангпартоӣ карданд.

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳалли қазияи мазкур ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд.

“Бо мақсади ҳалли қазияи мазкур ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд. Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи талаботи муқаррароти банди 4-уми  Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни КДАМ ҶТ ва КДАМ ҶҚ (ш.Тошканд, 07.11.2019), Протоколи мулоқоти кории Фармондеҳони ҚС ҶТ ва ҶҚ аз 20.06.2007 ва дигар созишномаҳои баимзорасида амали ғайриқонунии  сокинони деҳаи Коктошро дастгирӣ намуда, бе ягон асос нисбат ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Марзбонони тоҷик ба амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз ҷавобан тир кушоданд”, – омадааст дар изҳорот.

Дар идома зикр мегардад, ки изҳороти Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон оид ба қарор доштани  мавзеи Қуммазор дар ҳудуди ин кишвар, ки дар сомонаҳои қирғизӣ нашр гардидааст, асоси ҳуқуқӣ надорад, зеро, тибқи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва маводҳои комиссияи паритетии соли 1989 минтақаи мазкур (координатҳои топографии 390 57I 00II, 700 33I 00II) пурра ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

“Хулосаи саросемавор ва ҳамзамон сарфи назар кардани меъёрҳои ҳуқуқии тибқи талаботи муқарраргардидаи муносиботи байналхалқӣ қабулшуда дар масъалаи мансубияти ҳудудӣ ва эълони шитобкорона ва яктарафаи қазияҳои сарҳадӣ дар ВАО, ба манфиати дарки дурусти масъала ва эҷоди боварии тарафайн хизмат нахоҳад кард”, – таъкид мешавад дар изҳорот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, намояндагони Хадамоти марзбонии КДАМ ҶҚ бар хилофи банди 6-уми Протоколи мулоқоти роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии ҶТ ва ҶҚ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 05.06.2021 (Қарамиқ) ахбори бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқанашударо паҳн намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин масъала мавриди баррасӣ ва таҳқиқи  намояндагони расмии мақомоти дахлдори Тарафҳо қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қирғизии 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки дар мавзеи наздисарҳадии Қуммазори ноҳияи Ботканд шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон ба корҳои тозакунии ин мавзеъ пардохтаанд.

“Марзбонони қирғиз ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ба талаби ҷониби Қирғизистон бобати қатъи кор шаҳрвандони Тоҷикистон итоат накарданд. Гузашта аз ин, тоҷикистониён як шаҳрванди Қирғизистонро лату кӯб карданӣ шуданд. Дар идома муноқишаи лафзӣ ба ҷанҷол ва сангпартойӣ ҷониби ҳамдигар табдил ёфт”, – менависад хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни муноқиша аз ҷониби сарҳадбонони кишвари ҳамсоя ба сӯйи Қирғизистон тирпарронӣ шудааст. Дар ҷавоб марзбонони қирғиз низ ба самти Тоҷикистон тир кушодаанд.

Бар асари тирпарронӣ аз ҷониби Қирғизистон захмгирифтагон ва осебдидагон ба қайд гирифта нашудаанд.

“Бо мақсади роҳ надодан ба шиддати вазъ сардори Раёсати Хадамоти марзбонии КДАМ дар вилояти Ботканд полковник Қиялбек Толонбоев дар ҷойи ҳодиса қарор дорад. Айни замон дар мавзеи Қуммазор дар сатҳи намояндагони Хадамоти марзбонии ҳар ду ҷониб бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ мегузарад. Вазъият босубот арзёбӣ мешавад”, – зикр мекунад хабаргузорӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...