Муовини вазири тандурустӣ: “Аз рӯйи нишонаҳо дар мо коронавруси навъи Делта вуҷуд дорад”

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ин ниҳод, имрӯз, 26-уми июл гуфт, ки аз рӯйи нишонаҳо дар ҷумҳурии мо эҳтимолан, навъи коронавируси Делта вуҷуд дорад. Муҳсинзода гуфт, ки дар ҳоле, ки ин навъи вирус дар кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад, аз рӯйи нишонаҳои беморон, эҳтимол дар Тоҷикистон ҳам […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ин ниҳод, имрӯз, 26-уми июл гуфт, ки аз рӯйи нишонаҳо дар ҷумҳурии мо эҳтимолан, навъи коронавируси Делта вуҷуд дорад.

Муҳсинзода гуфт, ки дар ҳоле, ки ин навъи вирус дар кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад, аз рӯйи нишонаҳои беморон, эҳтимол дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Мувофиқи таҳлилҳои тазминии мо, ин вирус аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ворид шуд. 

"Аммо барои дақиқ кардан вуҷуди навъи Делта, мо натиҷаҳи тестҳоро ба як озмоишгоҳи вижа дар Лондон фиристодаем ва мунтазири натиҷаҳои ташхис ҳастем",-гуфт Муҳсинзода.

Ин изҳороти муовини вазир дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Взорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон то кунун навъи Делта сабти ном нашудааст. 

Вазъи беҳдоштии Тоҷикистон рӯ то рӯз бадтар мешавад. Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 165 нафар зиёд шуд. Теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 592 нафар расид.

Давоми рӯзҳои 24-25 июл боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 117 нафарро ташкил медиҳад.Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 96  нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду шабонарӯз 132 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ аз ин беморӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, бемори душвортар ҷараён мегирад.

Дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназанӣ идома дорад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз зиёда аз 460 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар аз COVID-19 ваксина гирифтаанд.

Субҳи имрӯз аз ИМА ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона дар чаҳорчӯби барномаи COVAX-и ҳукумати ИМА 1,5 млн воя (доза)-и ваксинаи Moderna алайҳи COVID-19 оварда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.