Соли 2021 омадани сайёҳон ба Тоҷикистон 59% кам шудааст

Дар соли шаш моҳи 2021 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 59 дар сад кам шудааст. Ин нуктаро Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, имрӯз дар нишастии матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон гуфт.  Ба гуфтаи раиси Кумита, имсол ҳамагӣ 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаасту халос. Ҷӯразода далели аслии кам шудани гардишгарони хориҷиро пандемияи коронавирус номид. […]

Дар соли шаш моҳи 2021 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 59 дар сад кам шудааст. Ин нуктаро Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, имрӯз дар нишастии матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон гуфт. 

Ба гуфтаи раиси Кумита, имсол ҳамагӣ 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаасту халос. Ҷӯразода далели аслии кам шудани гардишгарони хориҷиро пандемияи коронавирус номид. Ҳамчунин раиси Кумита, як далели дигари кам ворид шудани гардишгаронро дар ин давраи шадиди ҳамагирӣ, гарон будани нархи билетҳои ҳавопаймо донист.

Баъди ҳамагирии вируси куруно, саҳми бахши сайёҳӣ дар ММД то 1 дар сад коҳиш ёфтааст. Дар соли 2021 ҳамаи ниҳодҳои сайёҳии Тоҷикистон 87 млн. сомонӣ кор кардаанд, ки дар соли гузашта ин омор баробар ба 75 млн. сомонӣ буд. 

Таъсири чашмгири ҳамагирии вируси куруно ба бахши сайҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 ҳаҷми сайёҳиро дар ММД то 5 дар сад бирасонад. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, ки барои иҷроӣ кардани ин ҳадаф 10 миллион доллар аз сӯйи Бонки Осиёии Рушд ихтисос дода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир  дар Тоҷикистон 226 ширкати сайёҳӣ номнавис шудааст, ки ҳамаи онҳо ширкати ватанианд ва ҳеч кадоми онҳо муштарак бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ нестанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.