Шералӣ Мирзо бо ҳамтоҳои русу қазоқаш вазъи марз бо Афғонистонро баррасӣ кард

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо 25 июл бо вазири мудофиаи Қазоқистон генерал-лейтенант Нурлан Ермекбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон, зимни гуфтугӯ вазирон вазъиятро дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва масъалаи расонидани кумак ба Тоҷикистон аз ҷониби Қазоқистонро барои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои мавҷуда баррасӣ намуданд. Роҳбарони ниҳодҳои […]

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо 25 июл бо вазири мудофиаи Қазоқистон генерал-лейтенант Нурлан Ермекбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон, зимни гуфтугӯ вазирон вазъиятро дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва масъалаи расонидани кумак ба Тоҷикистон аз ҷониби Қазоқистонро барои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои мавҷуда баррасӣ намуданд.

Роҳбарони ниҳодҳои мудофиавии кишварҳр инчунин атрофи масоили омодагӣ ба машварати қарибулвуқӯи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе табодули назар карданд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май Қазоқистон изҳор дошт, ки ният дорад ба Тоҷикистон аз лиҳози ҳарбӣ-техникӣ кумак кунад.

Як рӯз пеш Шералӣ Мирзо тариқи телефон бо вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу гуфтугӯ карда, вазъият дар сарҳад ва тадбирҳои муштаракро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи таҳдиду хатарҳои марбут ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи “Азия-Плюс” дар сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон, вазирони мудофиаи кишварҳо ҷараёни татбиқи қарордодҳои қаблан ҳосилшуда байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия дар самти таҳқими моддӣ-техникии артиши Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкории ҳарбӣ-техникии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, вазирон ҳамчунин дар бораи тамринҳои низомии се кишвар – Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар Душанбе ба нақшаи гирифта шудааст, изҳори назар намуданд.

“Коршиносони ҳарбии Вазоратҳои мудофиаи Русия ва Ӯзбекистон аллакай ба Тоҷикистон омада, масоили баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористиро аз 5 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” таҳияву коркард мекунанд”, – зикр кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки бо иштироки ҷузъу томҳои ҳарбӣ аз Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз 5 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” тамринҳои муштарак баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.