Қазоқистон: “Мо ният надорем, ки баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон шиддат гиранд”

Бо кадом мақсад кумаки ҳарбӣ-техникӣ кардан ба Тоҷикистону Қирғизистонро ба Tengrinews.kz дар Вазорати мудофиаи Қазоқистон шарҳ додаанд. Зикр шудааст, ки Қазоқистон ният надорад, ки ба шиддат гирифтани баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намояд. Бино ба маълумоти Вазорат, моҳи декабри соли 2019 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба мушкил шудани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо […]

Бо кадом мақсад кумаки ҳарбӣ-техникӣ кардан ба Тоҷикистону Қирғизистонро ба Tengrinews.kz дар Вазорати мудофиаи Қазоқистон шарҳ додаанд. Зикр шудааст, ки Қазоқистон ният надорад, ки ба шиддат гирифтани баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намояд.

Бино ба маълумоти Вазорат, моҳи декабри соли 2019 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба мушкил шудани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дархости кумаки ҳарбӣ-техникӣ ба Қазоқистон муроҷиат кардааст. Дар ин робита дар бораи кумаки ҳарбӣ-техникии ройгон созишномаи байниҳукуматӣ таҳия шуда, он 17 апрели соли 2021 ба имзо мерасад.

Ғайр аз ин, хабар додаанд дар Вазорат, 2 март бо Қирғизистон низ чунин созишнома имзо шудааст.

“Яъне ин созишномаҳо бо Тоҷикистону Қирғизистон то шиддат гирифтани баҳсҳои марзӣ байни ин кишварҳо имзо шуда, айни замон корҳои тасдиқи созишномаҳо ҷараён доранд”, – гуфтаанд дар вазорат.

Гуфта мешавад, созишномаҳои мазкур дар пасманзари хуруҷи неруҳои ҳарбии кишварҳои эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон ба тасвиб расидааст.

“Ғайр аз ин, ба ихтиёри Тоҷикистону Қирғизистон додани амволи ҳарбӣ-техникӣ танҳо баъди сари як қарород омадани онҳо дар бораи танзими ихтилофҳо ва ба субот омадани вазъ сурат мегирад”, – иброз доштаанд дар Вазорат.

Зимнан зикр шудааст, ки мувофиқи шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳам иштирокчии он мебошанд, кишварҳои узви СААД ба худдорӣ аз истифодаи неру ва таҳдид нисбати ҳамдигар уҳдадоранд. Дар ин робита кумаки ҳарбӣ-техникӣ набояд аз ҷониби онҳо барои ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ истифода шавад.

Маълумот дар бораи кумаки ҳарбии ройгон ба Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Қазоқистон дар сомонаи Вазорати мудофиа нашр шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.