Аз 1 то 5,6 сол. Ҳукми 18 нафар пайрави “Салафия” дар Суғд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 18 нафарро барои пайравӣ аз ҳаракати “Салафия” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) аз 1 то 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намудааст.

Дар ин бора яке аз вакилони дифои маҳкумшудагон ба “Азия плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, мурофиаи маҳкумшудагон рӯзи 1 июли соли равон таҳти баррасии судя Фирӯза Ғайбуллозода дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Ба иттилои вакили дифоъ, Муҳсин Холматов, ташкилотчии гурӯҳ, 5 солу 6 моҳ ва 13 нафари дигар 5 солӣ ҳукм  гирифтанд. Ҳамаи онҳо бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуданд.

Дар ин байн Абдукамол Аҳадов, маъюби гурӯҳи якум низ ҳаст.

“Чор нафари дигар, ки бо моддаи 347 айбдор мешуданд, 1-солӣ аз озодӣ марҳум гардиданд”, – гуфт ин вакили дифоъ.

Аммо вакили дифоъ мегӯяд, бо гузашти тақрибан як моҳ то ба ҳол онҳо нусхаи ҳалномаро дастрас накардаанд.

“Тибқи қонун ҳалномаи суд бояд дар давоми 5 шабонарӯз ба наздикон ва ҳимоятгарони судшаванда дода шавад. Вале то ба ҳол мо нусхаро дастрас накардем. Сабабашро ҳам шарҳ надоданд”, – изҳори нигаронӣ кард вакили дифоъ.

Ӯ гуфт, нисбати айби эълоннамудаи суд розӣ нестанд ва баъди дастрас кардани нусхаи ҳалнома ба зинаҳои болоии суд шикоят хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурӯҳи 18-нафараи сокинони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба иттиҳоми ширкат дар гурӯҳи ҷиноятӣ боздошт карданд. Ҳамин тариқ, додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парвандаи онҳоро бо дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракати “Салафия” оғоз намуда буд.

Чанде пеш волидону наздикони онҳо бо дархотси кӯмак ба Дастгоҳи президенти кишвар ва Додситони кул муроҷиат карда, гуфта буданд, ки наздиконашон гуноҳ надоранд ва баъд аз боздошт таҳти шиканҷа ба ҷурми пешниҳодшуда иқрор шудаанд ва ҳатто намедонанд, ки ин чӣ созмон аст.

Замони боздошт чанд вакили дифои гумонбарон зимни суҳбат бо “Азия плюс” гуфта буданд, зерҳимояҳояшон бегуноҳанд ва ҳеҷ далели тасдиқкунандаеро, ки онҳо пайрави кадом як созмони ғайриқонунии динӣ бошад, тафтишот маълум накардааст.

“Зерҳимояи ман ва дигаронро ба он гунаҳкор мекунанд, ки дар арафаи идҳои мусулмонӣ ош ташкил намуда, ба хонаи яке аз дигар боздоштшудаҳо, ки маъюб аст, аёдат рафтаанд ва дар онҷо баъди хурдани ош байнашон суҳбатҳои динӣ шудааст. Гӯё дар ҳамин суҳбатҳо дар бораи равияи “Салафия” сухан мерафт ва онҳо баҳс мекарданд”, -гуфта буд яке аз вакилони дифоъ.

Ӯ гуфта буд, ҳамаи гумонбарон, аз ҷумла зерҳимояи ӯ, чунин иттиҳомро рад мекунанд ва онҳо дар нишастҳо дар бораи кор ва ҳолу ҳавои зиндагии ҳаррӯзаи худ суҳбат кардаанд ва танҳо беморро айёдат мекарданду мерафтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...