Дар Тоҷикистон бештар ба бахши энергетика сармоягузорӣ шудааст

То 1 июли соли равон дар Тоҷикистон 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳо 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад. Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода изҳор намуд, ки ин миқдор маблағ сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика (969 млн сомонӣ), нақлиёт (632 […]

То 1 июли соли равон дар Тоҷикистон 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳо 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода изҳор намуд, ки ин миқдор маблағ сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика (969 млн сомонӣ), нақлиёт (632 млн), маориф (ҳудуди 103 млн), тандурустӣ (148 млн), Хоҷагии манзилию коммуналӣ (160 млн), кишоварзӣ (105 млн сомонӣ) ва дигар соҳаҳои иқтисод равона шудааст.

Нимсолаи аввал ба рушди иқтисоди Тоҷикистон 276,3 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 99 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

“Аз ҷониби Чин ба маблағи 104 млн доллар, Люксембург – 66,8 млн, Туркия – 13,5 млн, Швейтсария – 13,1 млн ва Арабистони Саудӣ – 10,6 млн доллар сармоягузорӣ сурат гирифт”, – иброз дошт раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумита, сармоягузориҳои Туркия ва Швейтсария, инчунин Чин дар ҳаҷми 89,1 млн доллар сармоягузориҳои мустақим буда, ба рушди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва саноати коркард равона шудааст.

Қодирзода инчунин зикр кард, ки тӯли 6 моҳи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 582 субъектҳои нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, акнун шумори чунин субъектҳои хоҷагидорӣ дар кишвар 341,1 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.