Ба барқарор шудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам ваксингирии оммавӣ кумак мекунад

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Сардори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл изҳор намуд, ки танҳо барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам бо Русия ба паст кардани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба ин кишвар кумак мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русия аз Самарқанд, Тошканд, Ош ва Бишкек нисбат ба мо ду маротиба арзонтар аст. Аз ин рӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон барои расидан ба шаҳрҳои Русия аз фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Субҳонзода, қабл аз пандемия дар як ҳафта ба шаҳрҳои Русия то 34 парвози мунтазам анҷом дода мешуд.

Ҳоло бошад, ҳамагӣ чор парвози мунтазам амал мекунад. Танҳо ду парвози ширкати "Сомон Эйр" ва ду парвози "ЮтЭйр" бо сарбории пурраи мусофирон анҷом дода мешавад.

“Дигар парвозҳо ба шаҳрҳои Русия чартерӣ мебошанд. "Сомон Эйр" ба шаҳрҳои Русия бо сарбории яктарафа парвоз карда, аз он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистонро мегирад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ ҳамин гуна амал мекунанд. Онҳо фақат аз ин ҷо мусофиронро мебаранд. Мутаносибан, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ лозим меояд, ки тамоми хароҷотро аз ҳисоби мусофиргирии яктарафаи ҳавопаймо бароранд", – мегӯяд Субҳонзода.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон омода аст ба реҷаи қаблии кор баргардад. Дархости барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба сохторҳои марбутаи Русия фиристода шуда, аммо то ҳол маъқул дониста нашудааст.

Ба гуфтаи роҳбари Агентӣ, пеш аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам, тамоми давлатҳои ҷаҳон ба вазъи эпидемиологии кишвар ва шумораи шаҳрвандони ваксинагирифта таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ба ин тариқ, бо гирифтани воя (доза)-и ваксинаи худ аҳолӣ метавонад ба барқароршавии парвозҳои мунтазам кӯмак кунад.

Мушкилоти дигари нархи баланди чиптаҳои ҳавопаймо сӯзишвории гаронбаҳои авиатсионӣ  (40% аз арзиши умумии чипта) ва инчунин хароҷоти нигоҳдориву хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо мебошад.

Ба ҳар ҳол, даромад ба даст овардан муяссар шуд

Дар ҳамин ҳол, нимсолаи аввали солро бахши авиатсияи тоҷик дар вазъи нисбатан даромаднок ҷамъбаст намуд. Дар зарфи 6 моҳи соли равон фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба 517,6 ҳазор мусофир хизмат расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Дар ин давра даромади ширкатҳои авиатсионӣ 742,2 млн сомониро ташкил дод, ки 215 млн сомонӣ зиёдтар нсбат ба соли гузашта аст.

Аз ин маблағ 241,1 млн сомонӣ – даромади тамоми фурудгоҳҳо дар нимсолаи аввал, 412,8 млн – даромади ширкати “Сомон Эйр” ва 30,1 миллион сомонӣ – даромади ширкати “Аэронавигатсия” мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...