Коронавирус дар Тоҷикистон: сироятёбии 88 нафар ва 1 фавт

Шабонарӯзи гузашта, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 88 нафар зиёд шуд. Ин афзоиши навбатии рекордии беморон давоми як шабонарӯз мебошад. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 761 нафар расид. Дар ин муддат боз як нафар фавтида, […]

Шабонарӯзи гузашта, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 88 нафар зиёд шуд. Ин афзоиши навбатии рекордии беморон давоми як шабонарӯз мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 761 нафар расид.

Дар ин муддат боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 119 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 245  нафар ё худ 96,5%-ро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯз 78 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.

Чанде пеш сардори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ аз аҳолии кишвар даъват ба амал овард, ки ваксина гиранд, зеро пеш аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам, тамоми давлатҳои ҷаҳон ба вазъи эпидемиологии кишвар ва шумораи шаҳрвандони ваксинагирифта таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ба ин тариқ, бо гирифтани воя (доза)-и ваксинаи худ аҳолӣ метавонад ба барқароршавии парвозҳои мунтазам кӯмак кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.