Тоҷикистон бо Русия Созишнома дар бораи нафақаро имзо мекунад

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Вазорати меҳнат супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия бо Тоҷикистон гуфтушунид кунад ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа созишнома ба имзо расонад. Дар ин хусус дар санаде, ки рӯзи 27 июл дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд, хабар дода мешавад. "Ба Вазорати меҳнати Русия супориш […]

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Вазорати меҳнат супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия бо Тоҷикистон гуфтушунид кунад ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа созишнома ба имзо расонад. Дар ин хусус дар санаде, ки рӯзи 27 июл дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд, хабар дода мешавад.

"Ба Вазорати меҳнати Русия супориш дода мешавад, ки бо иштироки ВКХ Русия бо Тоҷикистон гуфтушунидҳо анҷом диҳад ва зимни ба даст овардани созиш, аз номи Русия шартнома ба тасвиб расонад”, – гуфта мешавад дар санад.

Дар баробари ин, зикр мешавад, ки ба лоиҳаи созишномаи замимашаванда тағйироте ворид кардан мумкин аст, ки хусусияти усулӣ (принсипӣ) надоранд.

Дар лоиҳаи созишнома омадааст, ки ҳар кадоме аз тарафҳо пардохти нафақаро бар асоси собиқаи суғурта, ки ҳангоми кор дар қаламрави кишвар ба даст овардааст, таъин мекунад.

Рӯзи 23 июл Думаи Давлатии Русия тавзеҳ дод, ки пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ватан бармегарданд, аз ҳисоби саҳмҳое, ки корфармо барои онҳо дар давраи корашон дар Русия пардохт намудааст, сурат мегиранд.

Қаблан роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода изҳор карда буд, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамаи ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома дар бораи ҳалли масъалаҳои нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд.

Ба гуфтаи номбурда, тамоми паҳлӯҳои баҳсбарангези лоиҳаи созишномаи байни кишварҳо дар соҳаи таъминот бо нафақа ҳангоми видеоконфронсҳои корӣ ҳаллу фасл шуданд.

"Лоиҳа дар мувофиқа бо ВКХ ба баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст. Созишнома андозаи нафақаеро, ки шаҳрвандони тоҷики дар Русия қарордошта мегиранд, ба танзим медарорад", – гуфт Давлатзода.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ гуфтушунид дорад, ки бо онҳо аллакай созишнома ба имзо расидааст.

Ҳамзамон Давлатзода саҳеҳтар шарҳ дод, ки ба шаҳрвандони тоҷики машғули кор дар кишварҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо дар бораи масоили нафақа созишнома надорад, минбаъд бинобар сабаби  набудани собиқаи кории сабтшуда нафақаи иҷтимоӣ таъин мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.