Душанбе ҳамзамон мизбони нишастҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД хоҳад буд

Рӯзҳои 16-17 сентябр Душанбе ҳамзамон нишастҳои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешаванд. Интизор меравад, ки ҳайатҳои баландпояи 17 кишвари ҷаҳон, инчунин дабирони кулли СҲШ ва СААД барои иштирок дар саммитҳо ба Душанбе меоянд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ҳукумати кишвар. Ба гуфтаи вай, дар […]

Рӯзҳои 16-17 сентябр Душанбе ҳамзамон нишастҳои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешаванд.

Интизор меравад, ки ҳайатҳои баландпояи 17 кишвари ҷаҳон, инчунин дабирони кулли СҲШ ва СААД барои иштирок дар саммитҳо ба Душанбе меоянд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ҳукумати кишвар.

Ба гуфтаи вай, дар рӯзҳои баргузории нишастҳо маркази Душанбе барои ҳаракати нақлиёт тақрибан комилан баста шуда, дар пойтахт чораҳои шадиди амниятӣ андешида хоҳанд шуд.

Айни замон 8 кишвар – Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СҲШ мебошанд.

Давлатҳои нозир дар ин созмон Эрон, Беларус, Муғулистон, Афғонистон ва шарикони муколама – Арманистон, Непал, Озарбойҷон, Туркия, Камбоҷа ва Шри-Ланка мебошанд.

Ба ҳайати СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.