Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе гирдиҳам омаданд

Вазирони мудофиаи Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Дабири кулли СҲШ барои ширкат дар ин ҷаласа ба пойтахти Тоҷикистон омада, вазири мудофиаи Ӯзбекистон низ ба зудӣ ба онҳо ҳамроҳ мешавад. Вазири мудофиаи Беларус низ ба ҳайси меҳмони ҷаласа ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазирони мудофиаи Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Дабири кулли СҲШ барои ширкат дар ин ҷаласа ба пойтахти Тоҷикистон омада, вазири мудофиаи Ӯзбекистон низ ба зудӣ ба онҳо ҳамроҳ мешавад.

Вазири мудофиаи Беларус низ ба ҳайси меҳмони ҷаласа ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода.

Ҷаласаи вазирони мудофиа имрӯз, 28 июл таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор мешавад.

Роҳбарони ҳайатаҳоро инчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Вазирон инчунин макон ва таърихи баргузории машқҳои муштараки низомӣ бо номи "Рисолати сулҳовар-2021” (Мирная миссия-2021)-ро мувофиқа месозанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.