Ташрифи президент ба Суғд. Бубинед кадом роҳҳои вилоят баста мешаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташриф овард. Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Суғд дар бораи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳо дар ду рӯзи наздик хабар медиҳад. Мувофиқи маълумоти Шуъбаи БДА, имрӯз, 28 июл ҳаракати нақлиёт дар кғчаҳои марказии ноҳияи Айнӣ маҳдуд мешавад. Рӯзҳои минбаъда маҳдудияи ҳаракати […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташриф овард.

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Суғд дар бораи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳо дар ду рӯзи наздик хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Шуъбаи БДА, имрӯз, 28 июл ҳаракати нақлиёт дар кғчаҳои марказии ноҳияи Айнӣ маҳдуд мешавад.

Рӯзҳои минбаъда маҳдудияи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои шаҳру навоҳии зерин пешбинӣ мешавад:

29 июл – роҳҳои марказии ноҳияи Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, кӯчаҳои марказии ноҳияҳои Спитаменв а Ҷаббор Расулов, ҷамоати Деҳмой, роҳи Хуҷанд-Конибодом, роҳҳои марказии шаҳри Бӯстон, роҳи Ғафуров-Хуҷанд ва роҳҳои марказии шаҳри Гулистон;

30 июл – кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва А.Шукуҳии шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Насриддинови ҷамоати Ёва ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон.

Дар бораи вақти дақиқ ва давомнокии маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт маълумот дода нашудааст.

Барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ҳангоми маҳдудият аз ронандагон дархост шудааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Филиали ширкати масъул ба нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе Чанак хабар дод, ки аз соати 7:00-и имрӯз ҳаракати ҳамаи воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад. Дар бораи давомнокии маҳдудият маълумот дода нашудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матуоти сарвари давлат, имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

То ин дам дар ҷараёни сафари сарвари давлат ба ноҳияи Айнӣ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.