Вазири саноат сабаби аз фаъолият бозмондани бисёре аз корхонаҳоро шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2319 ададро ташкил дод, ки 96 -тои он аз фаъолият бозмондаанд.

Дар шарҳи ин масъала зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир изҳор дошт, ки ин 96 корхона аз солҳои 90 -уми асри гузашта фаъолият надоштанд, аммо то ҳол дар маълумоти оморӣ ҳастанд.

Вазир гуфт, 25 адади корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, 21-тогӣ – ба сохтмону саноати сабук, 14 корхона – ба саноати мошинсозӣ, 7 адад – ба фаъолияти ноширӣ, 4 корхона – ба саноати истихроҷи ангишт ва 3 адад – ба саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ рост меоянд.

“Ғайр аз ин, – изҳор дошт ӯ. – 467 корхона қисман фаъолият намуданд, зеро мавсимӣ кор мекунанд”.

Ба гуфтаи вазир, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1756 корхона бо иқтидори пурра кор кардаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 78 корхона ва 79 коргоҳи нав таъсис дода шудааст.

Шералӣ Кабир зикр кард, ки иқтидорҳои нави саноатӣ дар саноати хӯрокворӣ (42 адад), саноати сабук (41 адад), истеҳсоли масолеҳи сохтмон (44 адад), мошинсозӣ (24 адад) ва дигар бахшҳо ба фаъолият пардохтанд.

Раҳбарияти Вазорати саноат беамалии чанде аз корхонаҳоро қаблан ба рақобатнопазир будан ё мавҷуд набудани ашёи хом барои истеҳсол, мушкилоти молиявӣ, қарз аз пардохти андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва дигар сабабҳои гуногун рабт медод.

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Кабир хабар дод, ки тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ корхона ва коргоҳҳои саноатии кишвар ба маблағи зиёда аз 16,6 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол караанд, ки 23,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...