Бо ҳузури президент дар ноҳияи Айнӣ кадом иншоот ба истифода дода шуд?

Asia-Plus

Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст, дар деҳаи Анзоб Эмомалӣ Раҳмон мактаб-интернати наву замонавиро ифтитоҳ намуд. Дар ин муассиса асосан аҳолии синни мактабии деҳоти Анзоб ва Водии Яғноб ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Президенти Тоҷикистон чун анъанаи нек ба 20 нафар ятими кулли деҳоти Анзоб ва 40 нафар наврасони Водии Яғноби ноҳияи Айнӣ тӯҳфаҳо тақдим кард.

Дар ин ҷо ҳамчунин бинои таваллудхонаи нави Маркази саломатии деҳоти Анзоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Аз ин пеш дар ин ҷо таваллудхона мавҷуд набуд ва занони Водии Яғноб, деҳаҳои Марғеб, Анзоб ва Марзич масофаи зиёда аз 40-50 километрро тай карда, ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон ва маркази ноҳияи Айнӣ мерафтанд.

Дар идомаи сафари корӣ сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии ҶДММ “Мармар” шинос шуда, дар маросими сар додани 30 сар қутоси хушзот ва 200 сар кабк ба мамнӯъгоҳи мавзеи Санги Кӯҳнаи деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ширкат варзид.

Пас аз ин дар деҳаи Зерободи ноҳия маросими ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 доир гардид.

Иншооти хуштарҳу муосири таълимӣ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар ду баст, пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон фермаи чорвопарварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Фермаи нав барои парвариши 200 сар чорвои калони шохдор дар як вақт пешбинӣ шуда, пас аз парвариши яксола аллакай чорво барои забҳ омода мегардад.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Қозиев ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти худӣ бунёд ёфта, ҳамчунин барои соҳиби кор шудани 20 нафар сокини ноҳия боис гардид. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин намоиши чорво, ки айни ҳол дар хоҷагиҳои ноҳияи Айнӣ парвариш меёбанд, баргузор карда шуд.

Дар деҳаи Хушекати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ корхонаи паррандарварии “Мурғи Султон”-ро мавриди истифода қарор гирифт.

Сипас дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои рамз ва муқаддасоти миллӣ ба 14 ва паҳноии он ба 7 метр баробар аст. Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ 1600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Майдони Парчами давлатиро дар шафати роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” ҶДММ “Зарафшон-сохтмон” бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёд намудааст.

Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ низ 1600 метри мураббаъ буда, баландии таҳкурсӣ ва сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метрро ташкил медиҳад.

Дар маркази ноҳия инчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова дар заминаи бинои кӯҳнаву фарсуда ва солҳои зиёд бекорхобида таъсис дода шудааст.

Иншооти дуошёна, ки дар масоҳати 750 метри мураббаъ ҷойгир мебошад, аз таъмири пурра бароварда шуда, дар он коргоҳҳои дӯзандагию атласу адрасбофӣ, кошонаи ҳусн, толори арӯсӣ ва марказҳои касбу ҳунаромӯзиро ташкил намудаанд. Коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунармандии “Кӯҳсор” бо дархости сокинони маҳаллӣ ва бо назардошти ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин бунёд ёфтааст.

Дар идома бо ҳузури президент Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ ифтитоҳ шуд. Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 16 гектар бунёд гардидааст.

Варзишгоҳи мазкур дорои 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар маҷмӯъ аз 7 минбари нишастгоҳ иборат мебошад.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат лоиҳаҳои як қатор иншооти таъиноти гуногун, ки дар шафати варзишгоҳ дар мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Айнӣ аз тарафи соҳибкорони вилояти Суғд бунёд мегардад, муаррифӣ карда шуд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, аз ҷумла барои ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 4,1 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.

Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дод.

Сарвари давлат бо итминон изҳор дошт, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ анъанаҳои неки аҷдодиро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду тараққиёти Тоҷикистон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...