Муҳлати боздошти Иззат Амон боз ду моҳ тамдид шуд

Роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, Иззат Амон боз ду моҳи дигар дар боздоштгоҳ мемонад. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъаш хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки барои ду моҳи дигар дароз кардани муҳлати тафтиши парвандаи Иззат Амонро рӯзи 27-уми июл додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ содир […]

Радиои Озодӣ

Роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, Иззат Амон боз ду моҳи дигар дар боздоштгоҳ мемонад. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъаш хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки барои ду моҳи дигар дароз кардани муҳлати тафтиши парвандаи Иззат Амонро рӯзи 27-уми июл додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ содир намудааст. Ин дар ҳолест, ки чанд пеш аз Додситони кулли кишвар гуфта буданд, ки интизор меравад тафтиши парвандаи Иззат Амон ҳамин моҳ ба поён бирасад ва ба додгоҳ ирсол шавад.

Тасмими ду моҳи дигар дароз кардани муҳлати тафтиши парванда ба “масъалаи рӯ ба рӯ кардани даъвогарон бо Иззат Амон” рабт доштааст ва муҳлатро бо дархости муфаттиши парванда Сипеҳр Сафаров, тамдид карданд".

Вакили дифои Иззат Амон, Саидбурҳон Шарифов гуфтааст, ки “таҳқиқи парванда ба охир расидааст”, аммо масъалаи рӯ ба рӯ кардани Иззат Амон бо ду даъвогари дигар мондааст.

“Онҳо иддао доранд, ки ӯ қарздор аст. Муфаттиш наметавонист, ин корро то поёни моҳ анҷом диҳад”, – афзудааст вакил.

Пайвандони Иззат Амон бо шунидани ин хабар нигарон шудаанд. Писараш Муҳаммадюсуф Холов гуфтааст, ду моҳ мешавад, ки бо падараш мулоқот накардааст ва суолҳои онҳо танҳо ба воситаи муфаттиш ба падараш мерасад.

Бо вуҷуди ин, вакили дифои Иззат Амон умедвор аст, ки  бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, Иззат шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.

Чанд вақт аст, дар бораи “авфи тиллоӣ” дар кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  сару садо зиёд ба гӯш мерасад. "Азия-Плюс" бо такя як манбааш дар ҳукумат навишт, ки бахшида ба ин сана афви беш аз 25 ҳазор гумонбару зиндонӣ дар назар аст.

Қазияи Иззат Амон яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст. Баъди дар Русия бедарак ва дар Тоҷикистон боздошт шудани ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия даст ба эътирози оммавӣ заданд.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия  рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст. 

ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои мақомот, чанд нафар даъво кардаанд, ки гуё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун алайҳи Иззат Амон 12 шаҳрванд муроҷиат кардааст, ки гумонбар давоми солҳои 2014-2020 аз он онҳо маблағҳои гуногунро барои анҷом додани корҳои муайян гирифта, фиреб додааст.

"Ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад", – гуфт ин масъули Додситонии кулл.

Ин бори сеюм аст, ки муҳлати таҳқиқи парвандаи Иззат Амон дароз карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.