Шаҳрдории Душанбе ҳамаи “маршрутка”-ҳоро аз кӯчаҳои пойтахт берун карданист

Вазъият ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон мудом мавриди интиқоди шадид қарор дошта, дар нақлиёти пойтахт, бахусус микроавтобусҳо ё худ “маршрутка”-ҳо сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ ба мусофирон бениҳоят паст аст. Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” муовини аввали раиси шаҳри Душанбе инро тасдиқ намуд. "Ба сурати умум, мо ҳама орзу дорем, ки набераҳоямон дар метрои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазъият ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон мудом мавриди интиқоди шадид қарор дошта, дар нақлиёти пойтахт, бахусус микроавтобусҳо ё худ “маршрутка”-ҳо сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ ба мусофирон бениҳоят паст аст.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” муовини аввали раиси шаҳри Душанбе инро тасдиқ намуд.

"Ба сурати умум, мо ҳама орзу дорем, ки набераҳоямон дар метрои Душанбе равуо кунанд", – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, тибқи нақшаи шаҳрдории пойтахт, ояндаи наздик микроавтобусҳо аз кӯчаҳои марказии Душанбе хориҷ шуда, сипас ин тадбир дар ҳамаи қаламрави шаҳр амалӣ мешавад.

Айни замон дар яке аз кӯчаҳои марказӣ – хиёбони Рӯдакӣ микроавтобусҳо (маршруткаҳо) ҳаракат намекунанд.

Амирхон Қурбонзода инчунин гуфт, пас аз, 7,6 ҳазор гектар васеъ кардани ҳудудҳои пойтахт дар охири соли 2019 аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ мушкилоти нав пеш омад.

«Дар қаламрави ба шаҳр ҳамроҳшудаа роҳандозии хатсайрҳои троллейбус ва автобус ғайриимкон буда, хати барқ ҳам ​​мавҷуд нест, – иброз дошт ӯ. –  Инчунин ҳолати роҳҳо имкон намедиҳад, ки ба равуои нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи онҳо иҷоза шавад. Ба ҳамин сабаб, мо ҳоло наметавонем аз хидмати микроавтобусҳо даст кашем”.

Ҳамзамон вай таъкид кард, ки шаҳрдории пойтахт ба корҳои таъмири мактабу роҳҳо, иншооти иҷтимоӣ ва беморхонаҳо дар қаламрави ба шаҳр ҳамроҳшуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дода буданд, ки хати нахусти метрополитени пойтахт “ҳавоӣ” шуда, дарвозаҳои ҷануби шаҳрро бо мавзеи назди Сирки давлатӣ мепайвандад.

Мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хати ҳавоии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.