Шаҳрдорӣ: Барои дарахтони ороишии ба Душанбе овардашуда ягон сомонӣ аз буҷет масраф нашудааст

Дар мавсими зимистону баҳори гузашта дар қаламрави шаҳри Душанбе ҳудуди 26,4 ҳазор адад дарахтону буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд, ки наздик ба 5,5 ҳазор ададашон аз хориҷи кишвар оварда шуданд. Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, барои дарахтону буттаҳои ороишии аз хориҷа ба Душанбе овардашуда аз пулҳои буҷет ягон сомонӣ масраф нашуда, ҳама маблағро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар мавсими зимистону баҳори гузашта дар қаламрави шаҳри Душанбе ҳудуди 26,4 ҳазор адад дарахтону буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд, ки наздик ба 5,5 ҳазор ададашон аз хориҷи кишвар оварда шуданд.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, барои дарахтону буттаҳои ороишии аз хориҷа ба Душанбе овардашуда аз пулҳои буҷет ягон сомонӣ масраф нашуда, ҳама маблағро тоҷирон ихтиёрӣ пардохт намуданд.

Саидзода зикр кард, ки бори нахуст дар мавсими зикршуда дар Душанбе зиёда аз 14 млн гулҳо шинонида шуданд.

“Мо дида истодаем, ки як шумори муайяни дарахтон ва буттаҳои ороишии шинонидашуда хушк мешаванд ва ин миқдор тақрибан 3 фоиз аз шумори умумиро ташкил медиҳад”, – иброз дошт Раҳимзода.

Таъкид шуд, ки ҷараёни корҳои ободониву сабзгардониро раиси пойтахт шахсан зери назорат гирифтааст.

"Кормандони масъули шаҳрдорӣ бо мақсади назорати рафти нигоҳубину парвариш ва нашъунамои дарахтону бутта ва гулгаштҳо ба тамоми кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр вобаста карда шудаанд", – гуфт Раҳимзода.

Ӯ таъкид дошт, ки дар фасли тобистон ҳамарӯза аз соати 23:00 то 5-и субҳ тақрибан 70 мошини обпошӣ тамоми ниҳолҳои сабзи шаҳрро об медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.