Қирғизистону Тоҷикистон боз 40 км хати марзро муайян кардаанд

Дар ҷаласаҳои охирини гурӯҳи корӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад 40 километр марзи байни ду кишвар муайян карда шудааст. Дар ин бора, узви комиссияи ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад Абдулат Мирзоев дар ҷаласаи “Жогорку Кенеша”-и Қирғизистон хабар додааст. Ба навиштаи хабаргузории “24.kg”, ӯ гуфтааст, ки ҷаласаи навбатӣ моҳи август пешбинӣ шудааст. «Дар […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаҳои охирини гурӯҳи корӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад 40 километр марзи байни ду кишвар муайян карда шудааст. Дар ин бора, узви комиссияи ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад Абдулат Мирзоев дар ҷаласаи “Жогорку Кенеша”-и Қирғизистон хабар додааст.

Ба навиштаи хабаргузории “24.kg”, ӯ гуфтааст, ки ҷаласаи навбатӣ моҳи август пешбинӣ шудааст.

«Дар се ҷаласаи охири гурӯҳи корӣ 40 километри марз муайян карда шуд. Кор идома дорад", – гуфтааст ӯ.

Қаблан Қирғизистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки хати лоиҳаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз нуқтаи сарҳади №43 то нуқтаи сарҳади №61 ва аз нуқтаи сарҳади №135 то нуқтаи сарҳадии №141 муайян кунанд.

Чанде пеш, дар як нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез ба як хулосаи ягона наомадаанд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр буда, 519 километри он мушаххас шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.