Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон ба Бишкек оварда шуд. Кумитаи амният ӯро бозпурсӣ мекунад

Asia-Plus

Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон ба Бишкек оварда шуда ва бозпурсӣ мешавад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои торнамои svodka.akipress.org  бо такя ба дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон,  Аскар Акаев дар доираи парвандаи  лоиҳаи "Кумтор" дар ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд ва акнун ӯ ба Қирғизистон оварда шуда ва ба дасти мақомоти тафтишотӣ супурда шудааст. 

Аскар Акаев дар баробари мансабдорони дигари баландпояи Қирғизистон ба далели фасод дар созишномаи лоиҳаи "Кумтор" дар соли 1992, тағйиру иловаҳо ба он дар соли 1994 ва таҷдиди сохтории созишномаи генералӣ бо ширкати «Камеко» дар соли 2003 муттаҳам мешавад. 

КДАМ Қирғизистон,  ҳамчунин дар хабарномааш гуфтааст, ки "КДАМ дар раванди тафтишот барои барқарор кардани адолат дар мавриди ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани Аскар Акаев фаъолона кор карда, 2-юми агуст ӯро ба ҳудуди ҷумҳурӣ овард".

КДАМ ин кишвар гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир Аскар Акаев ба дасти Гурӯҳи ктафтишотии байниидоравӣ супурда шудааст ва дар ҳоли ҳозир Акаев дар бинои КДАМ қарор дорад.

 Ин ниҳод гуфтааст, ки дар мавриди тасмими минбаъда бар сари Акскар Акаев иловатан хабар медиҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...