Дар Суғд 112 ҳазор нафар ваксина гирифтанд

Ба ҳолати то 31 июли соли ҷорӣ 112 ҳазор нафар сокинони вилояти Суғд ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. Дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 зикр шуд, ки айни замон барои 500 ҳазор нафар ваксина ворид гардида, баъди ду рӯз иловатан 500 ҳазор воя […]

Ба ҳолати то 31 июли соли ҷорӣ 112 ҳазор нафар сокинони вилояти Суғд ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

Дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 зикр шуд, ки айни замон барои 500 ҳазор нафар ваксина ворид гардида, баъди ду рӯз иловатан 500 ҳазор воя ворид хоҳад шуд.

Ҳамчунин маълумот дода шуд, ки дар қаламрави вилоят 1 млн 812 ҳазор нафар сокинони аз 18-сола боло зиндагӣ доранд ва марҳила ба марҳила ҳамаи онҳо ваксина хоҳанд гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,  ки барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, ҷиҳати тақвияти корҳои безараргардонӣ мунтазам чораандешӣ карда шавад.

Қаблан зимни нишасти матбуотӣ раиси вилоят ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки вазъияти марбут ба сирояти коронавирус дар минтақа идоракунанда ва зери назорат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.