Муҳоҷирон дар Русия акнун имтиҳони забони русиро бо қоидаҳои нав месупоранд

Asia-Plus

Муҳоҷирон метавонанд саволҳои тахминиро, ки ба онҳо ҳангоми имтиҳонҳо аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дода мешаванд, пешакӣ фаҳманд. Имтиҳонҳо хаттианд, аммо онҳое, ки мехоҳанд дар Русия муддати тӯлонӣ бимонанд, бояд қобилияти муошират (гуфтугӯ) бо забони русиро нишон диҳанд. Тартиби нави санҷиши дониши муҳоҷирон дар се қарори ҳукумат, ки аз 1 август эътибор пайдо кардааст, муайян шудааст, менависад "Парламентская газета".

Бидуни гувоҳнома (сертификат) дар бораи супурдани имтиҳон гирифтани патенту Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ғайриимкон аст. То ин дам дар танзими баргузории санҷишҳо мақомоти минтақавӣ иштирок мекарданд. Аммо аз 7 июн қонуне эътибор пайдо кард, ки дар он ягона кардани қоидаҳо дар саросари кишвар пешбинӣ шудааст. Минбаъд вазифа ва нархҳо, инчунин рӯйхати ташкилотҳое, ки метавонанд имтиҳон супоранд, дар сатҳи федералӣ тасдиқ карда мешаванд.

Дар яке аз қарорҳо тарзи (методология)-и ҳисоб кардани арзиши имтиҳон муайян ва инчунин нархҳои ҳадди аксар (ниҳоӣ) нишон дода шудаанд. Ба ин тариқ, санҷиш барои онҳое, ки мехоҳанд патент ё иҷозатномаи кор гиранд, аз 3800 рубл зиёд буда наметавонад. Онҳое, ки мехоҳанд Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) гиранд, на бештар аз 5900 рубл пардохт мекунанд.

Қарори дуюм тартиби гузаронидани имтиҳонҳоро танзим мекунад. Муносибати дифференсиалӣ (гуногун) ба супоришҳо нигоҳ дошта шудааст: мураккабии онҳо аз ҳадафҳое, ки хориҷиён ба Русия омадаанд, вобаста аст. Муҳоҷирони корӣ аз забони русӣ хаттӣ, аниқтараш, дар компютер имтиҳон месупоранд. Боқимондаҳо низ бояд аз марҳилаи шифоҳӣ гузаранд. Сӯҳбат то 10 дақиқа давом мекунад. Ин қисми санҷиш дар видео сабт карда мешавад.

Саволҳо дар саросари кишвар мувофиқи меъёр ва муқаррарӣ хоҳанд буд. Талабот ба сохтор ва мундариҷаи онҳо, инчунин маҷмӯи вазифаҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм муайян карда мешаванд. Онҳо ҳар сол нав шуда, дар сомонаи мақомот дастрас хоҳанд буд. Илова бар ин, ҳар як ташкилоте, ки имтиҳонҳоро қабул мекунад, уҳдадор аст, ки хориҷиёнро бо намунаи саволҳо пешакӣ шинос кунад.

Имтиҳони сатҳи гирифтани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-ро комиссияе қбаул мекунад, ки ба он омӯзгорони бахши забоншиносӣ, фанҳои филологӣ, таърих ва ҳуқуқшиносӣ шомиланд. Илова бар ин, комиссияҳои ҳалли баҳсҳо таъсис дода мешаванд ва хориҷиёне, ки аз имтиҳон нагузаштаанд, метавонанд ба он муроҷиат намоянд. Дар он ҷо инчунин метавон аз қонуншиканӣ дар тартиби баргузори имтиҳон шикоят бурд.

Барои муҳоҷирони маъюб комиссияҳо вазифадоранд шароити муносиб фароҳам оранд, то вазъи саломатӣ ба супоридани имтиҳон барои шахс монеъ нашаваду ӯ аз имкони вуруд ба Русия маҳрум нашавад.

Гувоҳномаҳои муваффақона супоридани имтиҳон дар феҳристи федералии ҳуҷҷатҳои таҳсил сабт карда мешаванд. Моҳи июн як қарори ҳукумат мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи он, мӯҳлати амали гувоҳномаҳо барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ба мӯҳлати номаҳдуд ва ҳама дигар боқимонда – се сол эътибор дорад.

Боз дар як қарори дигари ҳукумат пешбинӣ шудааст, ки маводи имтиҳонот дар давоми се сол аз замони додани гувоҳнома нигоҳ дошта шуда, сипас нобуд карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...