Оғози “Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ” дар Тоҷикистон

Таблиғот

Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида  мешавад.  Дар Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад.

Соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз доштааст, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад.

Мақсади  асосии  гузаронидани  ин  чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кӯдакон мебошад. Таваллуди кӯдак – хурсандии беканор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз рӯзи аввали ҳаёт саволҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак, ҳолати саломатӣ ва тарбияи ӯ ба миён меоянд.

Синамаконӣ асоси ҳаёт буда ба саломатӣ, ғизои дуруст ва амнияти озуқаворӣ дар ҳолатҳои муқаррарӣ ва фавқулодда таъсири кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мерасонад. Инчунин, синамаконӣ ҳуқуқи инсон мебошад, ки онро бояд эҳтиром, ҳимоя ва риоя намуд.

 “Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ” маъракаи ҷаҳонӣ буда, барои баланд бардоштани огоҳӣ ва фаъол намудани амалиёт дар робита бо синамаконӣ равона шудааст.

Таҳлилҳои  дар  муассисаҳои  тиббии  ҷумҳурӣ  дар  солҳои  охир доиргардида нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба  бештар ба бемориҳои сироятии  меъдаю  рӯда  ва  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

Баҳри рушди ғизодиҳии табиии кӯдакон Вазорати тандурустии ҶТ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ғизои табиии кӯдакон» соли 2006 қабул гардидааст. Мақсад ва вазифаҳои ин Қонун – муҳайё кардани шароити зарурӣ баҳри ҳифзи саломатии модару кӯдак, ғизодиҳии дурусти кӯдакони ширмак, тарғиб ва дастгирии давлатии ғизодиҳии табиии кӯдакон, баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ , танзими ҳуқуқии муомилоти ғизои кӯдакон иборат мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...