Оғози қисми амалии машқҳои низомии сеҷониба дар марз бо Афғонистон

Asia-Plus

Қисми амалии машқҳои муштараки неруҳои мусаллаҳи Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон имрӯз оғоз шуд. Дар ин тамринҳо 2,5 ҳазор низомиён иштирок мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ (ҲМҲ) хабар медиҳад.

"Дар шароити душвори табииву ҷуғрофӣ ва иқлим, мо дар амал усулҳои нави гузаронидани амалиёти ҷангиро бо назардошти таҷрибаи муосир месанҷем. Имконияти навъҳои нави техника ва аслиҳаро меомӯзем”, – гуфтааст муовини фармондеҳи ҲМҲ Евгений Поплавский дар маросими оғози ин қисми тамринҳои низомӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар машқҳо таҷрибаи андӯхтаи ҷангӣ санҷида шуда, инчунин шаклҳои пурсамартарини истифодаи ҷузъу томҳо ва равишҳои умумӣ барои гузаронидани амалиёти ҳарбӣ коркард мешаванд. Сурудҳои миллии се кишварро оркестрҳои ҳарбӣ иҷро карданд. Дар майдони бошишгоҳи саҳроӣ парчамҳои миллии се кишвар барафрохта шуда, иштирокчиёни машқ дар як саф роҳпаймоӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки тамринҳои низомӣ дар пасманзари ноором шудани вазъ дар Афғонистон ҷараён мегиранд, бинобар ин зарур аст, ки тарзу усули рафъи таҳдидҳои имконпазир ва ҳамкории амалӣ барои таъмини амният дар минтақа мавриди амал қарор гирифта, дар таҷриба санҷида шавад.

Дар марҳилаи асосии машқҳо ҳайати сарнишинони авиатсияи ҷангӣ фуруд овардани қувваҳои ҳуҷуми тактикӣ ва дастгирии ҳавоиро ба нирӯҳои ҳамлагар дар ҷараёни нобудсозии гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ таъмин хоҳанд кард.

Дар машқҳои воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон 25 чархболу ҳавопаймои нақлиётию ҷангӣ, тақрибан 300 танк, мошинҳои зиреҳпӯш ва дастгоҳҳои артиллерӣ сафарбар шуда, инчунин  зиёда аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони се кишвар ширкат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...