Президенти нави Эрон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Президенти тозаинтихоби Эрон Саид Иброҳим Раисӣ, ки маросими савгандёдкуниаш нимаи дуюми имрӯз дар Теҳрон доир мегардад, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Теҳрон Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози сӯҳбат салому эҳтиромот ва орзуҳои неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Сайид […]

Президенти тозаинтихоби Эрон Саид Иброҳим Раисӣ, ки маросими савгандёдкуниаш нимаи дуюми имрӯз дар Теҳрон доир мегардад, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Теҳрон Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози сӯҳбат салому эҳтиромот ва орзуҳои неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Сайид Иброҳим Раисӣ расонидааст.

“Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо рушд ёфта, инчунин таъкид намуд, ки  густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”, – хабар дод котиби матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Зкирзода зикр кардааст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.

Зикр шудааст, ки то ба имрӯз байни кишварҳо беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расидааст. 

“Албатта, умед дорем, ки ташрифи мазкур ба Ҷумҳурии  Исломии Эрон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам биоварад”, – иброз доштааст Зокирзода.

Дар доираи сафар ба Эрон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз ҳамчунин бо раиси парлумони ин кишвар Муҳаммад Боқир Қолибоф дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот масоили таҳкими робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.