“Халиқ бонк Тоҷикистон” барҳам дода мешавад

Бонки Халқии Қазоқистон қарори Шӯрои директорони ин бонкро дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон – ҶСП "Халиқ бонк Тоҷикистон" эълон кард. Маълумот дар ин бора рӯзи 4 август дар сомонаи бонки Қазоқистон нашр шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Бонк, қарори барҳамдиҳии "Халиқ бонк Тоҷикистон" (ХБТ) аз ҷониби Шӯрои директорони бонк 30 […]

Бонки Халқии Қазоқистон қарори Шӯрои директорони ин бонкро дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон – ҶСП "Халиқ бонк Тоҷикистон" эълон кард.

Маълумот дар ин бора рӯзи 4 август дар сомонаи бонки Қазоқистон нашр шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Бонк, қарори барҳамдиҳии "Халиқ бонк Тоҷикистон" (ХБТ) аз ҷониби Шӯрои директорони бонк 30 июли 2021 қабул карда шудааст.

"Қарор дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои рушди бонки фаръӣ қабул карда шуд", – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, мутобиқи принсипи стратегии рушди соҳаҳои бештар ояндадори тиҷорат, гурӯҳи Halyk тасмим гирифт, ки аз лоиҳа дар Тоҷикистон хориҷ шавад, то ки тамаркузи захираҳо ва саъю кӯшиши Гурӯҳро ба лоиҳаҳои самаранок ва фоидаовар бо иқтидори бузурги рушди минбаъда равона созад.

ХБТ дар натиҷаи хариди ҶСК "Казкоммерсбонк" дар соли 2017 ба гурӯҳи Halyk дохил шуд. 100% саҳмияҳои бонк ба ҶСК “Бонки халқии Қазоқистон” тааллуқ доштанд. Ба ҳолати 31 марти соли 2021 ҳиссаи ХБТ дар дороиҳои гурӯҳи Halyk 0,03%-ро ташкил медод.

Сармояи оинномавии ХБТ дар оғози фаъолият дар Тоҷикистон ба ҳудуди 35 млн сомонӣ баробар буд.

ҶСП "Халиқ бонк Тоҷикистон" аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ иҷозатнома дошт.

Дафтарҳои кории ин бонк дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.