Ёдгор Файзов: Роҳҳои мошингарди ВМКБ дар 5 сол ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ намерасанд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов рӯзи 4 август зимни нишасти хабарӣ ошкоро изҳор дошт, ки "дар тӯли 3 ё 5 сол азнавсозии ҳамаи роҳҳои минтақа имконнопазир аст, то ки онҳо ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд".

«Агар кор хуб ҷараён гирад, пас давоми 3-5 сол сохтмони роҳи автомобилгарди Дарвоз-Рӯшон ба анҷом расида, он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд. Ошкоро мегӯем, ки барои азнавсозии қисматҳои дигар 10-15 сол ё бештар аз он вақт лозим аст”, – иброз дошт Файзов.

Дар шарҳи тез-тез баста шудани роҳ ба сӯи Бартанг бар асари селу тармафароӣ раиси вилоят гуфт, барои таъмир пул ҷудо карда шуда, аммо маҷрои сел ин роҳи пурпечутоби кӯҳро хароб мекунад.

“Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи баста будани роҳ ба сӯи Бартанг наворҳои видеои зиёде мавҷуданд. Мутаассифона, ин бори аввал нест. Давоми 5 соли охир бисёр қитъаҳои ин роҳ васеъ карда шуданд. Бо ин мақсад Бунёди Оғохон ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд. Ҳукумат барои сохтмони ду пул 10 млн сомонии иловагӣ ҷудо кардааст”, – иттилоъ дод Файзов.

Раиси вилоят зикр кард, ки барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани натанҳо роҳи Бартанг, балки қисматҳои дигари робитаҳои нақлиётии минтақа даҳсолаҳо ва захираҳои зиёди молиявӣ лозиманд.

«Ҳоло мушкилоти асосии мо шоҳроҳҳои Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим мебошанд, ки ба таъмир ниёз доранд. Аммо, мутаассифона, барои баргузории корҳои таъмир то ҳол манбаъҳои молиявӣ дарёфт накардаем. Аз ин рӯ, корҳои таъмиру навсозии роҳҳои мо солҳои тӯлонӣ идома меёбанд», – гуфт Файзов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...