Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ

Дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ боздид намуд. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ашқобод якҷо бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин ҷо ташриф оварданд. Зимни суҳбати самимӣ дар тайёра сарони давлатҳо дар фазои гарму самимӣ ва эҳтирому эътимод масъалаҳои […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ боздид намуд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ашқобод якҷо бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин ҷо ташриф оварданд.

Зимни суҳбати самимӣ дар тайёра сарони давлатҳо дар фазои гарму самимӣ ва эҳтирому эътимод масъалаҳои минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар даромадгоҳи бинои маъмурии Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти он самимона истиқбол гирифтанд. Нахуст ба ӯ доир ба фаъолияти бисёрсамтаи бандар, имконоти техникӣ, ҳамкории тиҷоратӣ бо дигар кишварҳо ва паҳлуҳои мухталифи кори ин марказ маълумот доданд.

Президент бо роҳбарияти он ҷиҳати ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи ин марказ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти мухталифи Тоҷикистон суҳбати самимӣ доир карданд.

Дар ҳамин ҷо президент ба Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ба роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оид ба истифодаи пурсамари ин бандар дастуру супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робита ба воситаи бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкории соҳаи нақлиёт гардида, барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳад буд.

Ёдрас мешавад, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар баробари дигар санадҳои нави ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт се санад – Созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон ва бобати ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.