Толибон маркази ду вилоятро тасарруф карданд

Date:

Гуруҳи "Толибон" дар ду рӯзи ахир шаҳри Кундуз, маркази вилояти Кундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва ҳамчунин шаҳри Сарипул – маркази вилояти Сарипулро низ, ғасб кардаанд. 

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон,  толибон бинои ҳукумати вилоят, фармондеҳии пулис ва раёсати амнияти миллӣ дар Сирипулро гирифта, дар ин вилоят танҳо вулусволӣ (ноҳия)-и Балхоб дар дасти давлат мондаасту халос. Гуфта мешавад, ки мақомҳо ва неруҳои давлатӣ дар яке аз  қисмҳои низомӣ дар шаҳри Сарипул дар муҳосираи "Толибон" мондаанд.

Ба ҳамин тартиб "Толибон" тамоми идораҳои давлатӣ ва бахшҳои муҳими шаҳри Кундузро низ гирифта, ҷанг дар кӯчаву паскӯчаҳои ин шаҳр идома дорад. 

Ду рӯз пештар "Толибон" шаҳри Толиқон маркази вилояти Тахор ва Шибирғон – маркази вилояти Ҷузҷонро низ тасарруф карда буданд, ки акнун дар ин шаҳрҳо ҷангҳои шадиде миёни неруҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни толиб идома дорад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷанг дар Кундуз

Бархе аз намояндаҳои вилоятҳои Сарипул ва Кундуз дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар суқути ин ин шаҳрҳо бекифоятии давлат ва ниҳодҳои амниятиро зикр кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳукумат нисбат ба вазъи ин шаҳрҳо бепарвоӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...