Шикасти Ҷаҳонгир Маҷидов дар финали Orenburg Senior European Cup 2021 аз ҳамватани худ

Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокори варзидаи тоҷик дар дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми ҷудои Аврупо (Orenburg Senior European Cup 2021), ки дар вазни -90 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз ҳамватани муқими Русияи худ, Мирзо Шукориев шикаст хӯрд ва ҳамин тариқ соҳиби медали нуқраи ин мусобиқот шуд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал  ин мусобиқот ҷудокори маъруфи дигари ҳамтабори худ  – […]

Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокори варзидаи тоҷик дар дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми ҷудои Аврупо (Orenburg Senior European Cup 2021), ки дар вазни -90 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз ҳамватани муқими Русияи худ, Мирзо Шукориев шикаст хӯрд ва ҳамин тариқ соҳиби медали нуқраи ин мусобиқот шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал  ин мусобиқот ҷудокори маъруфи дигари ҳамтабори худ  – Ёқубҷон Назировро, ки аз Русия намояндагӣ мекунад, шикаст дод.  

Дар чорякниҳоӣ, Эмил Курбанови рус дар ниманиҳоӣ низ варзишгари дигари мизбон Адам Утсиевро мағлуб кард. 
 

Ҳақназар Назаров (-81кг), ҷудокори дигари тоҷик дар даври аввал аз Томас Снайдерси нидерландӣ бо шикаст хӯрд. Хушвақт Идиев (-81кг) намояндаи дигари Тоҷикистон ҳам дар даври аввал баъди рақобати шадид бо варзишгари Қазоқистон – Ерахан Нуридин «голден скор» ба бохт мувоҷеҳ шуд. 

Амирҷони Насимҷон ҷудокори дигари тоҷик дар вазни  -90кг дар даври аввал Турпал Сатаеви Русияро шикаст дод. Ин паҳлавони тоҷик ҳам аз ҳамтабори русиягии худ  – Мирзо Шукориев дар даври баъдӣ, дар камтар аз 30 сония шикаст хӯрд.

Паҳлавони дигари тоҷик дар вазни -100 кг Абубакри Акобир ҳам дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори кишвари мизбон Саид ГАДЖИЕВ шикаст хӯрду аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.