Нишасти фаврӣ ва “муҳим” бо “Толибон” дар Қатар. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Давҳа меравад

Бино ба хабарҳои расида аз Кобул, қарор аст дар Давқаи Қатар ду нишаст барои сулҳ дар Афғонистон баргузор шавад. Шабакаи "Тулуънеюс" дар як хабари кӯтоҳ дар телеграми худ, бо такя ба манбаъҳояш дар Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон хабар додааст, ки ин нишастҳо "муҳим" хоҳанд буд. Бар асоси иттилои манбаъ, барои ширкат дар ин ду нишаст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси […]

Бино ба хабарҳои расида аз Кобул, қарор аст дар Давқаи Қатар ду нишаст барои сулҳ дар Афғонистон баргузор шавад. Шабакаи "Тулуънеюс" дар як хабари кӯтоҳ дар телеграми худ, бо такя ба манбаъҳояш дар Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон хабар додааст, ки ин нишастҳо "муҳим" хоҳанд буд.

Бар асоси иттилои манбаъ, барои ширкат дар ин ду нишаст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва  Сайид Содот Мансур Нодирӣ, вазири давлат дар умури сулҳи ин кишвар, шоми имрӯз  ба Қатар мераванд.

Аммо манбаъ нагуфтааст, ки дар ин ду нишаст баҳсу баррасӣ бар сари чӣ сурат мегирад ва барномаи ин ду нишаст чист. 

Баргузории ин ду нишаст дар ҳолест, ки нишасти дурӯзаи ҳайати баландпояи ҳукумати Афғонистон бо "Толибон" дар Қатар бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ  дар се ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар натиҷае надода буд.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" дар чанд рӯзи ахир ба шиддат пешравӣ карда, маркази се вилоят – Кундуз, Тахор ва Сарипулро тасарруф карда, ҷанг дар наздикии маркази чандин вилояти дигар ба шиддат ҷараён дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.