Сиёсатшиноси тоҷик дар бораи имкони пирӯзии рақибони Мирзиёев дар интихоботи Ӯзбекистон

Дар давраи аввали раёсати ҷумҳурӣ, президенти феълии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ислоҳотро оғоз ва мунтазам идома медиҳад, ки на танҳо ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир дод, балки “симои минтақавӣ”-и тамоми Осиёи Марказиро дигаргун кард. Дар мусоҳиба бо хабарнигори “Азия-Плюс” оид ба имкони рақибони Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии Ӯзбекистон сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов чунин изҳори назар […]

Дар давраи аввали раёсати ҷумҳурӣ, президенти феълии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ислоҳотро оғоз ва мунтазам идома медиҳад, ки на танҳо ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир дод, балки “симои минтақавӣ”-и тамоми Осиёи Марказиро дигаргун кард.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори “Азия-Плюс” оид ба имкони рақибони Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии Ӯзбекистон сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов чунин изҳори назар кард.

“Шиори ӯ “Ӯзбекистони нав – имконоти нав” як воситаи серталабтарини ҳавасмандсозӣ натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар саросари минтақа мебошад. Ба гумон аст, ки дар як муддати кӯтоҳ дар фазои сиёсии Ӯзбекистон чеҳраи наве бо шиори нав пайдо шавад, ки миллионҳо интихобкунандагон ӯро ҷонибдорӣ намоянд”, – иброз дошт Мамадазимов.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳеҷ шакке нест, ки номзадҳо  ба интихоботи президентӣ бо маъракаҳои пешазинтихоботии худ ва пешниҳоди ҳалли мушкилоти ҷиддӣ аз ҷониби интихобкунандагон пай бурда шуда, ҷонибдорон ҳам пайдо мекунанд”.

"Аммо раҳбари кунунии Ӯзбекистон имкониятҳои бештар дорад, зеро бо назардошти он ки ӯ аллакай мушкилоти зиёдеро ҳал мекунад", – гуфт коршинос.

Ҳамзамон, Мамадазимов бар ин назар аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Қирғизистон) тадриҷан ва бешитоб аз интихоботи беалтернативӣ (шӯравӣ) ва тақлидкорӣ (даҳсолаҳои аввали соҳибихтиёрӣ) ба интихоботи муқаррарӣ мегузаранд.

Маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон аз 23 июл оғоз шуд. 5 ҳизб – Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат”, Ҳизби демократии “Миллий тикланиш”, Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба пешбарии номзадҳо ҳуқуқ доранд.

Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд.

Ба ҷуз Мирзиёев, муовини раиси Шӯрои марказии Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон Мақсуда Ворисова, раиси Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” Баҳром Абдуҳалимов, пешвои Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродов ва раиси Ҳизби демократии “Миллий Тикланиш” (Эҳёи миллӣ) Алишер Қодиров низ номзадҳо дар маърракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.