Почтаи байналмилалии “DHL” дубора ба фаъолият оғоз мекунад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Экспресс-хадамоти байналмилалии почтаи DHL фаъолияти дубораи худро дар Тоҷикистон оғоз намуд. Дар ин бора, як масъули почта ба "Азия плюс" хабар дод.

Манбаъ гуфт ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи дубораи кор додааст ва онҳо шурӯъ аз 1 август ба фаъолият оғоз карданд.

Аввалин бор дар бораи ба фаъолият оғоз намудани Почтаи байналмилалии “DHL” Шуҳрат Ҷӯраев дар “Фейсбук” хабар дода буд.

– Ҳоло аз хориҷа мутахассисон омадаанд ва кормандонро ду ҳафта омӯзиш медиҳанд.  Идора ҳам дар паҳлӯи идораи “Почтаи тоҷик” омода аст. Корҳои таъмиру техникӣ рафта истодааст. Ба наздикӣ эълон пахш мекунем ва ба фаъолияти корӣ расман оғоз менамоем, – гуфт манбаъи мо.

Ба гуфтаи вай, DHL фаъолияти ояндаи худро  дар асоси стратегияе, ки пештар дар Тоҷикистон ба роҳ монда буд, идома хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июни соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дафтарҳои кории чор ширкати бузурги байналмилалии хизматгузории почтавӣ – DHL, UPS, TNT, Pony Express муҳр зада, ин амалашро ба иҷозатнома нагирифтани ин ширкатҳо барои фаъолият маънидод карда буд. Дар бозор амалан танҳо EMS Tajikistan боқӣ монд, ки дар назди «Почтаи тоҷик» амал мекунад.

Намояндагони хадамоти байнулмилалии почтавӣ ба он ишора карда буданд, ки аз талошҳои онҳо барои гирифтаи иҷозатнома натиҷае ҳосил нашуда, онҳо барои кор дар Тоҷикистон шароит надоранд.

Он замон, расонаҳо бо истинод ба Ҷонибек Дадоматов, сардори яке аз раёсатҳои Хадамоти алоқа хабар дода буданд, ки дархости почтаи байналмилалии DHL-ро барои сабтином дар кишвар рад кардааст. Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, ки намояндагони DHL дар санадҳои пешниҳодӣ ба камбуд роҳ додаанд. Аммо масуъулин дақиқ нагуфтаанд, ки камбуди DHL дар таҳияи санадҳо аз чӣ иборат буд ва бояд дар кадом шакл ислоҳ шавад.

Моҳи феврали соли 2017 ба қонун «Дар бораи алоқаи почтавӣ» тағйирот ворид шуда, мувофиқи он, ин навъи хизматгузорӣ тариқи иҷозатнома амалӣ мешавад.

Хидматрасонии почтавӣ дар Тоҷикистон ҳамеша зери танқид қарор мегирад ва муштариён аз он нигаронанд, ки молу колои онҳо дар фурсати дер ба ҷои лозима мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...