Русия воридоти маҳсулоти кишоварзиро аз кишварҳои ИДМ зиёд мекунад

Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат дастур додааст, ки дар заминаи чораҳои устувор кардани нархи маводи ғизоӣ дар Федератсияи Русия ҷиҳати зиёд кардани воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ИДМ тадбирҳо рӯйи даст гирифта шаванд, менависад "Коммерсантъ". Аз номгӯйи дастурҳои президент дар машваратҳо бо аъзои ҳукумат бармеояд, ки то 1 сентябри соли 2021 бояд дар ин […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат дастур додааст, ки дар заминаи чораҳои устувор кардани нархи маводи ғизоӣ дар Федератсияи Русия ҷиҳати зиёд кардани воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ИДМ тадбирҳо рӯйи даст гирифта шаванд, менависад "Коммерсантъ".

Аз номгӯйи дастурҳои президент дар машваратҳо бо аъзои ҳукумат бармеояд, ки то 1 сентябри соли 2021 бояд дар ин хусус гузориш омода шуда, минбаъд он ҳар семоҳа таҳия гардад. Масъул дар ин масъала сарвазири Русия Михаил Мишустин таъин шудааст.

Ғайр аз ин, президент ба Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ супориш додааст, ки пайгирӣ (мониторинг)-и нархгузориро ба маҳсулоти хӯрокворӣ, ки тариқи шабакаҳои савдо фурӯхта мешаванд, таъмин кунад. Ин гузориш низ бояд то 1 сентябр омода шавад.

Охири моҳи июн Владимир Путин дар посух ба савол дар бораи гаронии сабзӣ дар Русия изҳор намуд, ки “ба кишвар “маҳсулоти худӣ нарасид”. Ба гуфтаи ӯ, нархҳо ба ҳамаи сабзавот боло рафтанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти матбуотии рӯзи 2 август директори Агентии содироти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода изҳор дошт, ки дар зарфи шаш моҳи соли 2021 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 млрд доллар маҳсулот содир кард, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88,3% бештар аст.

"Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон аст", – гуфт роҳбари Агентӣ.

Тибқи маълумоти ӯ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7% афзоиш ёфтааст: беш аз 106 ҳазор тонна сабзавот ва мева ба хориҷа фурӯхта шудааст. Ҳиссаи асосии содиротро пиёз – 84,7 ҳазор тонна ва меваи хушк – тақрибан 12 ҳазор тонна ташкил додааст.

Бобозода махсусан қайд кард, ки имсол бори нахуст маҳсулоти кишоварзӣ мустақиман аз саҳроҳои вилояти Хатлон содир карда шуд.

"Зиёда аз 50 дарсади молҳо аз ҷумҳурӣ ба Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Белгия фиристода шуданд. Ба туфайли баргузории форуми “Бохтар Фуд-2021 "имкон пайдо шуд, ки бо мизоҷони хориҷӣ робитаи мустақим ба роҳ монда шавад", – иброз дошт вай.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.