Роҳбандии якмоҳа дар Душанбе барои тамрини паради низомии рӯзи Истиқлол

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии шаҳр аз 10 август то 7 сентябри соли равон қатъ мегардад.

Манбаъ, сабаби инро ба гузаронидани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 авугсти соли 2021, №470 рабт медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саъди Шерозӣ) аз 10 то 26 август ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 21:00 ва дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино) аз 27 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 18:00 то 23:00 қатъ мегардад.

– Ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №29, микроавтобусҳои №19, 35 ва 58 тариқи кӯчаи Карамов, Низоми Ганҷавӣ ва ҳаракати автобуси хатсайри №22 ба воситаи хиёбони Рудакӣ ба роҳ монда мешаванд,-омадааст дар хабарнома.

Шаҳрдорӣ аз ронандагони ҳамагуна воситаҳои нақлиёти хоҳиш кардааст, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ва хиёбони И. Сомонӣ истифода баранд.

То баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон камтар аз як моҳ мондааст. Ҷашни истиқлолиятро рақсу бозии ҳудуди 15 ҳазор донишҷӯй ва хонанда “зеб” медиҳад. Маъракаи “маршировка” ё худ тамрини рақсу роҳпаймоии хонандагон ва донишҷӯён барои таҷлили 30 солагии Истиқлолият моҳи марти соли равон оғоз шуда буд. Ин маърака ҳамеша ба вокуниш ва интиқоди волидон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад. Волидон мегӯянд, чунин чорабиниҳо фарзандони онҳоро аз раванди таълим дур месозанд ва ҳатто ба саломатии кӯдакон хатар доранд.

Имсол баҳси маршировка боз ҳам тундтар шуд, чунки хатари  хуруҷи коронавирус дар давраи пандемия бештар аст.

Вазорати маориф ҳамеша таъкид мекунад, ки “маршировка” ихтиёрӣ аст ва касе ба он маҷбуран ҷалб намешавад. Ҳатто вазири амориф ва илм дар нишасти охири худ, баҳси ҷалби донишҷӯён ба маршировкаро “баҳси хасакӣ” хонд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...