“Толибон” пешниҳоди ИМА барои эҷоди ҳукумати муваққат дар Афғонистонро рад кардаанд

Asia-Plus

Гурӯҳи "Толибон" пешниҳоди эҷоди давлати муваққат дар Афғонистонро рад кардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ гуфтааст, ки "Толибон" пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои эҷоди як ҳукумати муваққат дар Афғонистонро намепазирад.

Дар ин бораи рӯзномаи "Иттилооти рӯз"-и чопи Кобул хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, Муҷоҳид гуфтааст, ки "то кунун ин мавзуъ матраҳ нашудааст, аммо ба таври умуми мо давлати эътилофиро қабул надорем. Хостаи мо як тасмими асосӣ аст ва бояд онро пайдо кард. Ташкили давлати интиқолӣ барномаи мо нест".

Ин дар ҳолест, ки аз ин пештар бар асоси тарҳе, ки ИМА ба ҳукумати Кобул пешниҳод карда буд, ҳарф аз эҷоди як ҳукумати муваққат ё ҳукумати интиқолӣ мерафт, ки бояд дар он гуруҳи "Толибон" ҳам шомил мешуд.  Акнун "Толибон" аз ин тарҳ даст кашидаанд.

Аз ин пештар, бархе таҳлилгарон ҳам гуфта буданд, ки "Толибон" бо тасарруф кардани вулусволӣ ва шаҳрҳо дар Афғонистон, акнун дар мизи музокирот шартҳои нав мегузоранд ва бозиро ба нафъи худ тағйир доданӣ мешаванд.

Сухангӯйи "Толибон" ҳамчунин гуфтааст, ки тасмими ин гурӯҳ барои тасарруфи Кобул, пас аз он гирифта мешавад, ки агар контрол бар дигар вилоятҳоро ба даст биоварад.

"Амалиёт ба гунае барномарезӣ шуда аст, ки лозим аст, ибтидо соири вилоятҳоро поксозӣ кунем ва сипас дар мавриди Кобул тасмимгирӣ кунем. Аммо то ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар мавриди Кобул гирифта нашудааст",-гуфтааст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

"Толибон" то кунун маркази шаш вилоят: Кундуз, Нимрӯз, Ҷузҷон, Сарипул, Самангон ва Тахорро қисман ва пурра тасарруф кардаанд. Ҳоло ин гуруғҳ барои ғасби вилояти стратегии Балх чанд рӯзи ахир ҷангҳоро шиддат бахшидаанд.

Тасарруфи марказҳои вилоятҳо дар ҳолест, ки пас аз тасарруфи влусволиҳо, ин гуруҳ гуфта буд, ки ба шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо ҳамла намекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...