“Толибон” пешниҳоди ИМА барои эҷоди ҳукумати муваққат дар Афғонистонро рад кардаанд

Гурӯҳи "Толибон" пешниҳоди эҷоди давлати муваққат дар Афғонистонро рад кардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ гуфтааст, ки "Толибон" пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои эҷоди як ҳукумати муваққат дар Афғонистонро намепазирад. Дар ин бораи рӯзномаи "Иттилооти рӯз"-и чопи Кобул хабар медиҳад. Ба навиштаи манбаъ, Муҷоҳид гуфтааст, ки "то кунун ин мавзуъ матраҳ нашудааст, аммо ба таври […]

Гурӯҳи "Толибон" пешниҳоди эҷоди давлати муваққат дар Афғонистонро рад кардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ гуфтааст, ки "Толибон" пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои эҷоди як ҳукумати муваққат дар Афғонистонро намепазирад.

Дар ин бораи рӯзномаи "Иттилооти рӯз"-и чопи Кобул хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, Муҷоҳид гуфтааст, ки "то кунун ин мавзуъ матраҳ нашудааст, аммо ба таври умуми мо давлати эътилофиро қабул надорем. Хостаи мо як тасмими асосӣ аст ва бояд онро пайдо кард. Ташкили давлати интиқолӣ барномаи мо нест".

Ин дар ҳолест, ки аз ин пештар бар асоси тарҳе, ки ИМА ба ҳукумати Кобул пешниҳод карда буд, ҳарф аз эҷоди як ҳукумати муваққат ё ҳукумати интиқолӣ мерафт, ки бояд дар он гуруҳи "Толибон" ҳам шомил мешуд.  Акнун "Толибон" аз ин тарҳ даст кашидаанд.

Аз ин пештар, бархе таҳлилгарон ҳам гуфта буданд, ки "Толибон" бо тасарруф кардани вулусволӣ ва шаҳрҳо дар Афғонистон, акнун дар мизи музокирот шартҳои нав мегузоранд ва бозиро ба нафъи худ тағйир доданӣ мешаванд.

Сухангӯйи "Толибон" ҳамчунин гуфтааст, ки тасмими ин гурӯҳ барои тасарруфи Кобул, пас аз он гирифта мешавад, ки агар контрол бар дигар вилоятҳоро ба даст биоварад.

"Амалиёт ба гунае барномарезӣ шуда аст, ки лозим аст, ибтидо соири вилоятҳоро поксозӣ кунем ва сипас дар мавриди Кобул тасмимгирӣ кунем. Аммо то ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар мавриди Кобул гирифта нашудааст",-гуфтааст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

"Толибон" то кунун маркази шаш вилоят: Кундуз, Нимрӯз, Ҷузҷон, Сарипул, Самангон ва Тахорро қисман ва пурра тасарруф кардаанд. Ҳоло ин гуруғҳ барои ғасби вилояти стратегии Балх чанд рӯзи ахир ҷангҳоро шиддат бахшидаанд.

Тасарруфи марказҳои вилоятҳо дар ҳолест, ки пас аз тасарруфи влусволиҳо, ин гуруҳ гуфта буд, ки ба шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо ҳамла намекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.