100 сомонӣ барои истифодаи лифт: то куҷо қонунӣ аст?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бархе сокинони Душанбе шикоят мекунанд, ки барои истифодаи лифт  аз онҳо маблағи ҳангуфт талаб мекунанд. Онҳо мегӯянд, маблағи лифт аз рӯи ҳаҷми хона барои як моҳ аз 10 то 100 сомониро дар бар мегирад. Масъулин мегӯянд, лифт моли истиқоматкунандаҳои бино аст ва онҳо ҳақ доранд бо ширкатҳои таъмирсозӣ шартнома баста, барои таъмир ва нигоҳодориву истифодаи он маблағ супоранд.

Бархе сокинон аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардаанд, ки дар робита ба ин масъала ба мушкили онҳо расидагӣ кунад. Як истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бо номи “Маша Маша” (ному насаби ӯ ба “Азия плюс” маълум аст, вале бо далели хосе онро наовардем”) бо нашри як пост  аз Рустами Эмомалӣ талаб кардааст, ки ба ин масъала расидагӣ кунад ва “ба доди мардуми бечора бирасад”.

Ӯ менависад, ки дар кӯчаи Айнӣ 64/4 истиқомат мекунад ва як нафар бо исми Муҳаммад аз сокинони ин барои истифодаи лифт 60 сомонӣ маблағ талаб кардааст.

– Вақте хона харидам, дар шартнома навишта нашудааст, ки ман бояд маблағи лифтро ҳар моҳ супорам. Дар шароити вазнин пули барқ, об, мусор (партов) месупорем, ин ҳатмӣ, лекин пули лифтро дар кадом қонун навишта шудааст, ки мардуми бечора супорад?! Имрӯз омада таҳдид мекунанд, ки 60 сомонӣ, хоҳӣ нахоҳӣ месупорӣ. Расид намедиҳад, ба сари мардум дод мезанад. Пурсидем, ки дар кадом асос пули лифт мегиред, мегӯяд, дар асоси дафтари ман 2-хонагӣ 60 сомонӣ, 3-хонагӣ 100 сомонӣ месупоред. Лифтро хомӯш кардаанд,-изҳори нигаронӣ кардааст, ин корбари “Фейсбук”.

Нафарони зиёде навиштаи ин корбарро писандидаанд ва  бо ӯ ҳамовозӣ кардаанд. Бештари онҳо гуфтаанд, ки барои истифодаи лифт ҳар моҳ аз 10 то 30 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, вале бори аввал мефаҳманд, ки дар баъзе минтақаҳо нархи он аз 60 то 100 сомонӣ баробар аст.

Як корбар бо номи Мунира Каримова, дар шарҳи моҷаро навиштааст, ки ҳар моҳ аз онҳо барои истифодаи лифт 20 сомонӣ мегиранд, вале бо гузашти як ҳафта лифт вайрон мешавад ва боз бо 100-150 сомонӣ онро таъмир мекунанд.

Муҳаммад Нуруллоев, нафаре, ки гуфта мешавад, аз бархе истиқоматкунандагони кӯчаи Айнӣ 64 барои хизматрасонии лифт  аз 60 то 100 сомонӣ талаб кардааст, ба мо гуфт,  ки тибқи шартномае, ки сокинони бино бо ширкати “Само-2011” барои нигоҳдории лифт бастаанд, маблағ барои нигоҳдории лифт навобаста аз ҳаҷми хона барои як моҳ 20 сомониро ташкил медиҳад.

Ӯ дар шарҳи моҷарои пешомада бо яке аз сокинони ин бино гуфт, ки онҷо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст.

– Вақте, бархе сокинон маблағи лифтро намедиҳанд ё дар хонаҳояшон нестанд, ман аз дигар сокинони бино хоҳиш менамоям, ки ба ҷои онҳо ҳам маблағ диҳанд, то масъулини ширкат ҳаракати лифтро қатъ накунанд,-гуфт Муҳаммад.

Вай мегӯяд, корманди расмии ширкати “Само-2011” нест, танҳо истиқоматкунандаи бино аст ва ба хотири кӯмак ба онҳо ҳар моҳ маблағи хизматрасонии ду лифти ин боноро, ки дар маҷмӯъ, 800 сомониро ташкил медиҳад, ҷамъоварӣ карда ба ширкат месупорад.

Ба таъкиди ӯ, дар бино сокинони зиёде зиндагӣ намекунанд, танҳо 10-15 нафар зиндагӣ мекунанду халос ва ӯ бар ивази маблағ ба ҳар яке аз онҳо расид ҳам медиҳад.

Сардори шуъбаи комуналии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибулло Исмоилов мегӯяд, лифт моликияти умумии истиқоматкунандагони бино аст ва тибқи моддаи 120 Кодекси манзил, таҷҳизот ва конструксия бино, сар карда аз таҳхона то фарши хона аз ҳисоби худи соҳибмулкон таъмир карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳия як корхонаи хусусии “Лифттаъмир” мавҷуд аст ва онҳо маблағе надоранд, ки аз ҳисоби худ ҳамаи лифтҳоро таъмир кунанд. Аз ин рӯ, лифтҳои ноҳия аз ҳисоби худи соҳибмулкон таъмир карда мешавад.

– Маблағи таъмирро сокинон баробар тақсим мекунанд. Маблағи онро худи ширкатҳои лифттаъмиркунанда баъди ташкили “смета”-, ҳисобу китоби хароҷот муайян мекунад. Ҳамаи ин ҷавобгарӣ дорад, дар доираи смета амалӣ мешавад. Баъзе лифтҳо хело хароб ҳастанд, ҳатто онҳоро то 25-30 ҳазор сомонӣ таъмир мекунанд,-гуфт ин масъул.

Ӯ гуфт, ки хизматрасонии лифт аз 10 то 20 сомонӣ дар як моҳ аст ва ин маблағи зиёде нест.

– Ҳастанд лифтҳои электронӣ ва борбардор, ки онҳо дар нигоҳубини худи ширкатҳои сохтмонӣ аст, вале онҳо ҳам 60-100 сомонӣ дар як моҳ талаб намекунанд. Мо инро назорат мекунем, ин ҷавобагӣ дорад,-гуфт Ҳ. Исмоилов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...