Дар Душанбе ҷашнвораи нону маҳсулоти нонӣ баргузор мешавад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пагоҳ, 12 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» ҷашнвораи нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор мешавад. Тавре дар сомонаи расмии шаҳрдории пойтахт хабар дода мешавад, барои баргузории ҷашнвораи ҷумҳуриявии мазкур аз фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе зиёда аз […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пагоҳ, 12 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» ҷашнвораи нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор мешавад.

Тавре дар сомонаи расмии шаҳрдории пойтахт хабар дода мешавад, барои баргузории ҷашнвораи ҷумҳуриявии мазкур аз фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе зиёда аз 9 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ҳадаф аз баргузории озмун эҳёи урфу одатҳои миллӣ, омӯзишу ба насли ҷавон мерос гузоштани беҳтарин анъанаҳои гузаштагони худ дар истеҳсоли нону маҳсулоти нонӣ, намоиши намунаҳои онҳо аз манотиқи мухталифи кишвар, ҷалби таваҷҷӯҳ ва диққати сокинон ба муносибати сарфакорона ба нону маҳсулоти нонӣ унвон мегардад.

Ба мардон ва занони аз 18-сола боло барои иштирок дар озмун иҷоза дода мешавад, дигар маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд. Барои муайян кардани ғолибон ба сифати нон ва ороиши он таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.