Довуд Лағмонӣ, раиси вилояти Ғазнӣ ба “Толибон” таслим шудааст ва ин вилоят суқут кардааст

Date:

Шабакаи Тулӯънеюс  бо нашри як видео дар бахши телеграми худ, навиштааст, ки Довуд Лағмонӣ, раиси вилояти Ғазнӣ ба гуруҳи "Толибон" таслим шудааст. Довуд Лағмонӣ яке аз чеҳраҳои ҷанҷоли чанд моҳи ахири Афғонистон аст. Худи вилояти Ғанӣ, ки умдатан як вилояти ҳазоранишин аст ба тасарруфи Толибон даромадааст.

Моҳи майи имсол Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон, Довуд Лағмониро волии влояти Форёб дар шимоли ин кишвар таъин карда буд, ки бо эътирозҳои густардаи мардум рӯ ба рӯ шуд.

Аммо манбаъҳои дигари расонаии Афғонистон навиштаанд, ки Лағмонӣ вилоятро ба "Толибон" таслим кардаасту худаш ба Кобул фирор кардааст.

Мардуми Форёб бо баргузор кардани эътирозҳои хеле густарда нагузоштанд, ки Лағмонӣ ба фаъолият оғоз кунад ва ӯ пас аз қарор гирифтан дар идораи амнияти ин вилоят, баъди се рӯз ба Кобул баргашт ва воли Ғазнӣ таъин шуд.

Толибон ҳамлаҳояшонро ба Ғазнӣ шаби гузашта оғоз карда буданд ва то зуҳри имрӯз ба ҷуз қароргоҳи артиш дар ин вилоят дигар тамоми ниҳодҳоро тасарруф карда буданд ва пас аз зуҳр вилоятро комилан ғасб карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...