“Политико”: Эҳтимоли басташавии сафорати Амрико дар Кобул

Нашрияи амрикоии "Политико" хабар додааст, ки Амрико бар пайи ҳамлаҳои ахири "Толибон" ба дунболи бастани сафоратхонааш дар Кобул аст. Ин нашрия аз қавле се манбаи огоҳ аз қазия дар дохили ҳукумати ИМА навиштааст, ки "давлати Амрико дар ҳоли баррасии чандин гузина, аз ҷумла эҳтимоли бастани сафорати худ дар Кобул аст".  Як манбаи огоҳ аз Вазорати корҳои […]

Asia-Plus

Нашрияи амрикоии "Политико" хабар додааст, ки Амрико бар пайи ҳамлаҳои ахири "Толибон" ба дунболи бастани сафоратхонааш дар Кобул аст.

Ин нашрия аз қавле се манбаи огоҳ аз қазия дар дохили ҳукумати ИМА навиштааст, ки "давлати Амрико дар ҳоли баррасии чандин гузина, аз ҷумла эҳтимоли бастани сафорати худ дар Кобул аст". 

Як манбаи огоҳ аз Вазорати корҳои хориҷии ИМА ба нашрияи "Политико" гуфтааст, ки "мо таҳдидҳои амниятиро барои  тасмимгирӣ дар мавриди амнияти коркунони худ дар сафорат дар Кобул арзёбӣ мекунем".

Як манбаъ ба нашрия бо ишора ба ин ки, сафоратхонаи Амрико дар Кобул эҳтимол дорад дар поёни моҳи ҷорӣ тахлия (холӣ) шавад гуфтааст, ки ҳамчунин гуфтугӯҳо дар давлат дар бораи ин низ аст, ки ба чи теъдод корманд дар Кобул ниёз аст.

Вазорати хориҷаи ИМА ҳам гуфтааст, ки "мавқеи мо тағйир накардааст ва дар мавриди  афроде, ки дар сафорати мо машғули хидмат ҳастанд, низ тасмимҳое хоҳем гирифт, то онҳоро амн нигоҳ дорем".

Ин дар ҳолест, ки  ки шоми чоршанбе, як мақоми вазорати дифои амрико бо нақл аз манобеи истихборотии ин кишвар ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки гуруҳи "Толибон" метавонанд пойтахти Афғонистонро дар зарфи 30 рӯз муҳосира ва дар 90 рӯз тасарруф кунанд. 

Толибон то кунун марказҳои бештар аз 9 вилояти Афғонистонро дар шимол ва шимолу шарқи ин кишвар тасарруф кардаанд ва гуфта мешавад, ки наздик ба дусад вулусволиро низ дар сар то сари Афғонистон дар ихтиёр доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.