Русия 8 гумонбари парвандаҳои ҷиноиро ба Тоҷикистон истирдод кард

Asia-Plus

Ҳашт нафар мардон, ки дар содир намудани ҷиноятҳои гуногун гумонбар шудаву дар Русия паноҳ бурда буданд, ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Онҳо ба куштор, қаллобӣ, фирор ва нашъаҷаллобӣ гумонбар дониста мешаванд.

Ҳамаи онҳо аз ҷониби Тоҷикистон мавриди пайгард эълон шуда, пас аз муқаррар кардани маҳалли будубоши онҳо дар қаламрави Русия, дархостҳои истирдоди айбдоршавандагон фиристода шуданд, ки ҷониби Русия онҳоро қонеъ кард.

Бино ба маълумоти Додситонии кулли Русия, қарорҳо дар бораи истирдоди ин шахсон эътибори қонунӣ пайдо карда, аз ин рӯ, ба Хадамоти федералии иҷрои ҷазо супориш дода шудааст, ки онҳоро интиқол диҳанд.

Масъалаи интиқоли гумонбаршудагон дар парвандаҳои ҷиноӣ вобаста ба вазъи эпидемиологӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус мушкил шуда буд.

Ҳамроҳи ҳайати қаровулони махсус ва бо риояи чораҳои зарурии амниятӣ айбдоршавандагон ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шуданд.

Дар рӯйхати афроди истирдодшуда Насратшо Ҷонмирзоев қарор дорад. Вай дар тирандозӣ ба мошини кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз автомат дар моҳи июли соли 1996 дар шаҳри Хоруғ айбдор мешавад. Дар натиҷа сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, корманди милисаи ҳамин бахш, коршиноси судӣ-тиббӣ ва як сокини маҳаллӣ кушта шуданд.

Икромҷон Боронов ба таҳияи нақшаи фурӯш ва қочоқи маводи мухаддир ба Русия ҳамроҳ бо шариконаш дар моҳи сентябри соли 2009 муттаҳам мешавад.

«Аз ҷумла, яке аз ҳаммаслакони ӯ занеро пайдо кард, ки ба ивази мукофотпулӣ мебоист дар либоси фарзандаш маводи нашъадор – 416 грамм героинро интиқол диҳад. Боронов амали шариконро тавассути телефон назорат карда, мебоист занро дар Русия пешвоз гирад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ФР.

Аммо ҳангоми бозрасии гумрукӣ дар фурудгоҳи байналмилалии "Хуҷанд" зан боздошт шуд.

Боз як нафари истирдодшуда – Фирӯз Сафаров ба он муттаҳам мешавад, ки моҳи сентябри соли 2012 тибқи созиши пешакӣ бо дигар шахсон дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ 1990 грамм маводи мухаддирро ба даст оварда, нигоҳдорӣ ва интиқол додааст.

Мирзоалӣ Давлатов ба дуздии амвол дар моҳи ноябри соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 78 ҳазору 700 сомонӣ дар ҳамдастӣ бо шахсони дигар айбдор дониста мешавад.

Даврон Бердиев ба гумонбарӣ дар ҷурми худсарона тарк кардани қисми низомии 0201 Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ба муддати як моҳ ҳангоми дар вазифаи старшинаи ротаи посбонӣ ва таъминот қарор доштанаш дар ин қисм истирдод мешавад.

Эмомалӣ Салимов ба он муттаҳам дониста мешавад, ки ба хидмати сарбозӣ даъват шуда, онро дар қисми низомии 5453 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон адо мекард ва замоне, ки ба рухсатии кӯтоҳмуддат меравад, пас аз анҷоми муҳлати он бидуни сабабҳои узрнок дигар ба қисми ҳарбӣ ҳозир нагардида, нопадид мешавад.

Ҳамчунин Акмал Юнусов, ки ба қаллобии калон муттаҳам дониста мешавад ва Идрис Назаров ба гумони гунаҳкорӣ дар латукӯби ноболиғ аз ҳиссиёти авбошӣ истирдод шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...