Садои тирпарронӣ дар Ботканд. КДАМ Қирғизистон мегӯяд, аз ҷониби Тоҷикистон

Дар вилояти Ботканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шахси номаълум як тир холӣ карда, он ба тирезаи беморхонаи деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бархӯрд, хабар медиҳад For.kg бо истинод ба шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон. Тибқи маълумоти хадамоти матбуот, овози як тир аз ҷониби Тоҷикистон тақрибан соати 15:10 дақиқаи 11 август […]

Дар вилояти Ботканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шахси номаълум як тир холӣ карда, он ба тирезаи беморхонаи деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бархӯрд, хабар медиҳад For.kg бо истинод ба шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуот, овози як тир аз ҷониби Тоҷикистон тақрибан соати 15:10 дақиқаи 11 август садо додааст.

«Дар ҷои ҳодиса тири қутраш 5,45 мм аз автомати АК-74 дарёфт. Ҳеҷ кас осеб надидааст ”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.

Дарҳол пас аз ин ҳодиса намояндагони марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом дода, дар рафти он ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки силоҳи ҳайати шахсиеро, ки дар марз бо деҳаи Интернатсионал ҳузур доранд, мавриди санҷиш қарор медиҳад.

"Соати 17:00 вохӯрии намояндагони сарҳад баргузор шуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон гуфт, пас аз санҷиши муҳимоти ҷангӣ маълум шуд, ки марзбонони Тоҷикистон аз силоҳ истифода накардаанд. Ҳамзамон намояндаи марзбонии Тоҷикистон зикр кардааст, ки шояд тасодуфан тир парронида шуда бошад. Иштирокчиёни вохӯрӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳар кадоме аз ҷонибҳо таҳқиқоти худро оид ба ин ҳодиса мегузаронанд",- хабар медиҳад КДАМ Қирғизистон.

Гуфта мешавад, КДАМ Қирғизистон вазъиятро дар ин қисмати сарҳади байни давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар маҷмӯъ амну босубот арзёбӣ кардааст.

Ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро ҳоло расман шарҳ надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".