Сомон, Шаббос, Илдар: унвонҳои соҳавӣ ба ширкаткунандагони олимпиадаи Токио: ИСЛОҲШУДА

Date:

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба се варзишгари маъруфи тоҷик, ширкаткунандаҳои Бозиҳои Олимпии “Токио-2020”,  Сомон Маҳмадбеков, Шаббос Неъматуллоев ва Илдар Аҳмадиев унвони соҳавии бахши варзиш тақдим кардааст. Дар ин бора аз Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Дирӯз гуфта мешуд, ки ба Анастасия Турина низ унвони соҳавӣ дода шудааст, вале дар Кумитаи ҷавонон хабари унвонгирии Тюринаро таъйид накарданд.

Манбаъ гуфт, ки дирӯз, дар чорабинӣ ба ифтихори “Рӯзи варзишгарон” раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода барои саҳми назаррас дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ба як қатор варзишгарон ва собиқадорони соҳа  унвонҳои ифтихории соҳавӣ супурд.

Ба гуфтаи манбаъ, ки ба Сомон Маҳмадбеков ва Шаббос Неъматуллоев унвони "Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар риштаҳои ҷудо ва бокс  дода шудааст. Ба Илдар Аҳмадиев унвони "Устоди варзиши Тоҷикистон" дар риштаи варзиши сабук тақдим шудааст. Ин унвон ба онҳо барои дастовардҳои баландашон дар риштаи варзиши ҷудо, бокс ва варзиши сабук дода шудааст.

Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиш мегӯяд, ки унвонҳоро ба ин варзишгарон барои дастовардҳои варзишӣ то ширкат дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 додааст.

 

Ҳамчунин ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ба дигар варзишгарону собиқадорони риштаи варзиш унвонҳои ифтихории соҳавӣ низ тақдим шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон дар қатори дигар варзишгарони тоҷик Сомон, Шаббос ва Илдар низ дар Олимпиадаи Токио-2020 ширкат варзиданд. Имсол тими олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои лимпӣ ҳеч медале натавонист ба даст биорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...