Сарвазири Покистон: “То Ашраф Ғанӣ сари мансаб аст, Толибон сулҳ намекунанд”

Asia-Plus

Нахуствазири Покистон Имрон Хон изҳор доштааст, ки то даме, ки Ашраф Ғанӣ сари мансаби президенти Афғонистон аст, ҳаракати тундгарои “Толибон” (фаъолияташ мамнӯъ дар бисёр кишварҳо) бо ҳукумати ин кишвар ба гуфтушуниди мусолиматомез нахоҳад пардохт.

Раиси ҳукумати Покистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters гуфтааст, инро ӯ аз забони худи пешвои толибон шунидааст, иттилоъ медиҳад АИ Фергана.

Имрон Хон иброз доштааст, ки ҳалли вазъи сиёсии Афғонистон дар шароити кунунӣ барояш душвор ба назар мерасад. Дар пасманзари хуруҷи воҳидҳои артиши хориҷӣ Толибон аз моҳи май дар саросари кишвар амалиёти густардаеро оғоз карданд.

"Ман кӯшиш кардам, ки Толибонро  бовар кунонам [ба зарурати музокироти сулҳ] … се ё чор моҳ пеш, вақте роҳбарияти олии ин ҳаракат ба ин ҷо омада буданд", – гуфтааст ӯ зимни мусоҳиба дар хонаи худ дар Исломобод.

"Шарти онҳо ин аст, ки “то даме Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон президент аст, мо (Толибон) бо ҳукумати Афғонистон сӯҳбат нахоҳем кард", – овардааст Имрон Хон гуфтаҳои пешвоёни ҳаракати тундгароро.

Гуфта мешавад, музокироти сулҳ байни Толибон, ки Ашраф Ғанӣ ва ҳукумати ӯро бозичаи даст (лӯхтакҳо)-и ИМА меҳисобанд ва як гурӯҳи музокиракунандагони аз ҷониби Кобул таъиншуда моҳи сентябри соли гузашта дар пойтахти Қатар – Давҳа оғоз шуда, аммо ба пешрафте даст наёфтанд.

Ҳоло намояндагони як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА дар Давҳа ҳастанд, ки дар ин ҷо аз 10 август машваратҳои серӯза оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар Афғонистон ҷараён доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...