Сарвазири Покистон: “То Ашраф Ғанӣ сари мансаб аст, Толибон сулҳ намекунанд”

Нахуствазири Покистон Имрон Хон изҳор доштааст, ки то даме, ки Ашраф Ғанӣ сари мансаби президенти Афғонистон аст, ҳаракати тундгарои “Толибон” (фаъолияташ мамнӯъ дар бисёр кишварҳо) бо ҳукумати ин кишвар ба гуфтушуниди мусолиматомез нахоҳад пардохт. Раиси ҳукумати Покистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters гуфтааст, инро ӯ аз забони худи пешвои толибон шунидааст, иттилоъ медиҳад АИ Фергана. […]

Нахуствазири Покистон Имрон Хон изҳор доштааст, ки то даме, ки Ашраф Ғанӣ сари мансаби президенти Афғонистон аст, ҳаракати тундгарои “Толибон” (фаъолияташ мамнӯъ дар бисёр кишварҳо) бо ҳукумати ин кишвар ба гуфтушуниди мусолиматомез нахоҳад пардохт.

Раиси ҳукумати Покистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters гуфтааст, инро ӯ аз забони худи пешвои толибон шунидааст, иттилоъ медиҳад АИ Фергана.

Имрон Хон иброз доштааст, ки ҳалли вазъи сиёсии Афғонистон дар шароити кунунӣ барояш душвор ба назар мерасад. Дар пасманзари хуруҷи воҳидҳои артиши хориҷӣ Толибон аз моҳи май дар саросари кишвар амалиёти густардаеро оғоз карданд.

"Ман кӯшиш кардам, ки Толибонро  бовар кунонам [ба зарурати музокироти сулҳ] … се ё чор моҳ пеш, вақте роҳбарияти олии ин ҳаракат ба ин ҷо омада буданд", – гуфтааст ӯ зимни мусоҳиба дар хонаи худ дар Исломобод.

"Шарти онҳо ин аст, ки “то даме Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон президент аст, мо (Толибон) бо ҳукумати Афғонистон сӯҳбат нахоҳем кард", – овардааст Имрон Хон гуфтаҳои пешвоёни ҳаракати тундгароро.

Гуфта мешавад, музокироти сулҳ байни Толибон, ки Ашраф Ғанӣ ва ҳукумати ӯро бозичаи даст (лӯхтакҳо)-и ИМА меҳисобанд ва як гурӯҳи музокиракунандагони аз ҷониби Кобул таъиншуда моҳи сентябри соли гузашта дар пойтахти Қатар – Давҳа оғоз шуда, аммо ба пешрафте даст наёфтанд.

Ҳоло намояндагони як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА дар Давҳа ҳастанд, ки дар ин ҷо аз 10 август машваратҳои серӯза оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар Афғонистон ҷараён доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.