25 ҳазору 200 сомонӣ – ҳамин қадар аст нархи хидмати алтернативӣ дар артиши Тоҷикистон

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода.

Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб баробар аст. Як нишондиҳанда барои ҳисоб айни замон 60 сомониро ташкил медиҳад.

Акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази он дар муддати 1 моҳ дар ҷамъомади ҳарбӣ иштирок кунанд. Барои ин ба давлат 25,2 ҳазор сомонӣ (2,2 ҳазор доллар) малағ пардохт кардан лозим аст. Маблағи мазкур вобаста ба дигар шудани нишондиҳанда барои ҳисоб тағйир ёфта метавонад.

Ҷовид Пирзода,  сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Ҳамаи шаҳрвандони аз 18 то 27-солае, ки қобил ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ хидмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд”.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардида, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хизмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хизмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Зимни шарҳи ин тағйирот ба вакилон вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо зикр карда буд, ки “ҳамасола ҳамагӣ ҳудуди 10% ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, боқимонда 90% аз хизмат канор мемонанд”.

“Барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ намуди нави хизмат ташкил мешавад: дар муддати як моҳ бо пардохти маблағи муайян онҳо маҳорати гузаштан аз хизмати ҳарбиро меомӯзанд. Бо анҷоми ин курсҳо ба онҳо шаҳодатномаи ҳарбӣ дода мешавад”, – гуфта буд вазири мудофиаи Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...