ВКХ Тоҷикистон: “Ба мо аз Афғонистон сигналҳои SOS расид”

“Ба мо сигналҳои SOS расид ва пас аз ин мутобиқи уҳддориҳои байнулмилалии кишвар тасмим гирифта шуд, ки ба хизматчиёни ҳарбии афғон ҷиҳати фуруд омадани ҳавопаймояшон ба фурудгоҳи шаҳри Бохтар иҷоза дода шавад. Зиёда аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбии Афғонистон бо ҳавопаймо ба Бохтар омада, айни замон дар он ҷо қарор доранд”, – хабар доданд ба […]

“Ба мо сигналҳои SOS расид ва пас аз ин мутобиқи уҳддориҳои байнулмилалии кишвар тасмим гирифта шуд, ки ба хизматчиёни ҳарбии афғон ҷиҳати фуруд омадани ҳавопаймояшон ба фурудгоҳи шаҳри Бохтар иҷоза дода шавад. Зиёда аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбии Афғонистон бо ҳавопаймо ба Бохтар омада, айни замон дар он ҷо қарор доранд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоооти ВКХ Тоҷикистон.

Дар Вазорат хабарҳои шабакаи телевизионии Tolo News-ро дар бораи 18 ҳавопаймои аз Афғонистон ба Тоҷикистон парвозкарда рад намуданд. “Ҳамагӣ 2 ҳавопаймо аз Афғонистон ба Тоҷикистон фуруд омада, бозпас баргаштанд ва мусофиронашон ҳамин ҷо монданд”, – илова карданд дар Раёсати иттилоот.

Шабакаи Telegram-и Tolo News қаблан бо нашри навори видеоӣ ва зеримзои зайл дар бораи 18 ҳавопаймо хабар дод: “Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадзоҳир Ағбар бо мусофирони 18 ҳавопаймои аз Афғонистон ба Тоҷикистон парвозкарда вохӯрд”.

Дар бораи шабона қабули якчанд ҳавопаймо дар фурудгоҳи Бохтар ба “Азия-Плюс” сокинони маҳаллӣ хабар дода буданд, ҳарчанд сардори фурудгоҳ Фарҳод Абдурашидзода инро рад кард.

“Овозаҳое, ки гӯё мо чанд тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад ва дурӯғ аст”, – гуфт Фарҳод Абдурашидзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.